Рӯзи дарҳои кӯшод курсҳои тайёрӣ эълонҳо

Эълон:

Ба диққати хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри  Курғонтеппа ва вилояти Хатлон расонида мешавад, ки дар санаҳои 7-8 апрели соли 2016  дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида мешавад

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ

АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муассисаи давлатии таълимии « Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа» қабули довталабонро барои соли таҳсили 2016-2017 эълон менамояд. 

Ба Коллеҷи тиббии шаҳри Курғонтеппа хатмкардагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии  ЧумҳурииТоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабақа қабул карда мешаванд.

Ба ҳамаи ихтисосҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ  танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба гурӯҳҳои шартномавӣ  шаҳрвандони  Чумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробар эътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ  доранд , қабул карда мешаванд .

Ба шакли таҳсили рӯзона довталабони синнашон то 30 ва ба шӯъбаи шабона(машғулиятҳо аз соати 15:00 то 18:00) бе маҳдудияти синну сол довталабон қабул карда мешаванд.

Таҳсил дар коллеҷ бо забони давлатӣ(тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа довталабон дар шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

 Мӯҳлати таҳсил - 3 солу 10 моҳ:     

  • « Кори умумитиббӣ», бо додани тахассуси «ҳамшираи тиббии оилавӣ» ( буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • « Кори момодоягӣ», бо додани тахассуси «Момодоя» (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • Мӯҳлати таҳсил – 2 солу 10 моҳ:
  • «Кори ҳамширагӣ», бо додани тахассуси «ҳамшираи тиббӣ» (буҷавӣ);
  • «Кори тиббӣ-ташхисӣ», бо додани тахассуси «Фелдшер-лаборант» (буҷавӣ);
  • «Корҳои тиббӣ профилактикӣ», бо додани тахассуси «Ёрдамчии табиби гигиенист, санитарӣ ва эпидемиолог» (буҷавӣ);
  • «Кори фарматсевтӣ», бо додани тахассуси «Ёрдамчии фарматсевт» (шартномавӣ);
  • «Кори дандонсозӣ», бо додани тахассуси «Техники дандон» (шартномавӣ).
  • Дар шуъбаи шабонаи Коллеҷи тиббӣ довталабон бо мӯҳлати таҳсил – 3 солу 6 моҳ, бо таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи ихтисосҳои:
  • «Кори ҳамширагӣ», бо додани тахассуси «ҳамшираи тиббӣ» (шартномавӣ);
  • «Кори фарматсевтӣ», бо додани тахассуси «Ёрдамчии фарматсевт» (шартномавӣ) қабул карда мешаванд.
  •  Гуруҳҳои мақсадноки назди сохтори госпиталии ноҳияҳо(Хуросон, А.Ҷомӣ, Дустӣ, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Кубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Вахш, Бохтар, шаҳри Сарбанд, Н. Хусрав
  • «Кори ҳамширагӣ», бо додани тахассуси «ҳамшираи тиббӣ» (буҷавӣ);

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

         Суроға:   шаҳри Курғонтеппа,  кучаи Сино 7, телефон барои тамос 2-25-73, 2-20-89   

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ