Рӯзи дарҳои кӯшод курсҳои тайёрӣ эълонҳо

Эълон:

Ба диққати хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри  Курғонтеппа ва вилояти Хатлон расонида мешавад, ки дар санаҳои 7-8 апрели соли 2016  дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида мешавад

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ

АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муассисаи давлатии таълимии « Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа» қабули довталабонро барои соли таҳсили 2016-2017 эълон менамояд. 

Ба Коллеҷи тиббии шаҳри Курғонтеппа хатмкардагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии  ЧумҳурииТоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабақа қабул карда мешаванд.

Ба ҳамаи ихтисосҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ  танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба гурӯҳҳои шартномавӣ  шаҳрвандони  Чумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробар эътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ  доранд , қабул карда мешаванд .

Ба шакли таҳсили рӯзона довталабони синнашон то 30 ва ба шӯъбаи шабона(машғулиятҳо аз соати 15:00 то 18:00) бе маҳдудияти синну сол довталабон қабул карда мешаванд.

Таҳсил дар коллеҷ бо забони давлатӣ(тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа довталабон дар шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

 Мӯҳлати таҳсил - 3 солу 10 моҳ:     

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

         Суроға:   шаҳри Курғонтеппа,  кучаи Сино 7, телефон барои тамос 2-25-73, 2-20-89