Ташкили ҷараёни таҷрибаомӯзӣ

Таълими амалии донишxӯён дар асоси Низомномаи «Таълими амалӣ», ки онро Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Чумҳурии Тоҷикистон 24.04.2009с.№253 тасдиқ намудааст гузаронида мешавад. Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳаи қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ  ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисию – табобатӣ, дармонхонаҳо, иҷроъгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо сурат мегирад. Таълими амалӣ дар зиёда аз 50 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва вилоятӣ гузаронида мешавад. Таълими амалӣ аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 6 ададро ташкил медиҳад, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешавад. Шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ зиёда аз 30 ададро ташкил медиҳад, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.

Таълими амалии донишҷӯён аз ҷониби бахши таълим, бахши таълими амалӣ, маъмурият мунтазам зери назорат қарор дорад. Масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯроҳои  методӣ ва илмӣ- педагогӣ, ҷаласаҳои машваратии назди директор ва муовинони директор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад.Соли ҷорӣ масъалаи мазкур 2 маротиба баргузор гардид, ки дар ин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳокима карда шуданд ва нисбати беҳтарсозии ин бахши муҳими таълим қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда шуданд.

Натиҷаи таҷрибаомӯзиҳо

Таҷрибаомӯзиҳо дар тамоми муассисахои тиббӣ– профилактикӣ ва фарматсевтии вилоятӣ ва шаҳрӣ инчунин заминаҳои таълимии Коллеҷ дар асоси шартномаи дутарафи гузаронида мешаванд. Аз ин ҷумла Беморхонаи клиникии Вилояти Хатлон  ба номи Б.Воҳидов, беморхонаи шаҳрии ш.Кӯрғонтеппа, Маркази саломатии калонсолон ва кӯдакон, Маркази саломатии репродуктивӣ, Маркази вилоятии бемориҳои чашм ва саратоншиносӣ, Маркази хуни вилоят, Маркази бемории қанд ва ғадудҳои даруна, Маркази назорати давлати  санитари ва эпидемиологии шаҳр ва вилоят, Маркази ёрии таъҷилӣ, «Хатлонфарматсия», Маркази вилоятии даҳонпизишки, ҳуҷраҷои даҳонпизишкии шаҳр, Маркази тарбияи ҷисмони, Маркази вилояти бемориҳои қалб, беморхонаҳои хусусии «Даво» ва «Тибби Хатлон», инчунин дар  мавриди зарурият дар беморхонаҳои ноҳиявӣ ва деҳотии ҷойи истиrомати донишҷӯён гузаронида мешаванд, ки шумораи умумии онҳо зиёда аз 67 ададро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шӯъбаи таxрибаомӯзӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Тачрибаомӯзиҳои таълимӣ - истеҳсоли (ТТИ) зинаи дуюми таълими амали ба ҳисоб рафта, барои бо сифати баланд тайёр намудани мутахассисони соҳа нақши ниҳоят муҳим дорад.

Дар соли  таҳсил чунин намудҳои таҷрибаомӯзиҳо гузаронида шуд.Таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар бахшҳои 2-уми «Кори умумитиббӣ»,»Кори  момодоягӣ» ва бахши 3-юми «Кори ҳамширагӣ» аз 29.12.2015с. то 4.01.2016с гузаронида  мешавад.

Таҷрибаомӯзии таълимӣ - истеҳсолӣ дар курси 4-уми «Кори дандонсозӣ», ки аз 22.12.2015с то 11.01.2016с, аз рӯи барнома «Оиди сохтани протезҳои бюгелӣ ва ҷоғи рӯйи» дар Маркази даҳонпизишки вилоят ва дигар ҳуҷраҳои даҳонпизишки шаҳр гузаронида шуданд.

Дар курсҳои 1-уми ихтисосҳои «Кори умумитиббӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори ҳамширагӣ»,  ТТИ-ро дар мудати 2- ҳафта – аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ ва техникаи дастамалӣ»  аз 1.06.15с то 14.06.15с,дар муассисаҳои тиббии вилоятӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуд.

Донишҷӯёни бахши 2-уми «Кори лабораторӣ» ва «Кори беҳдоштӣ» аз 1.06.15 то 14.06 15с. барои тачрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсоли равон карда шуданд.

.06.16с то 14.06.16с, донишҷӯёни курси 1- уми «Кори дандонсозӣ» ва аз 8.06.16с. то21.06.16с. донишxӯёни курси 2-юми «Кори дандонсозӣ» дар дармонгоҳҳои даҳонпизишкии шаҳри ва ноҳиявии ҷойҳои истиқомати худ аз таҷрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсолӣ гузаштанд. Донишҷӯёни курси 1-уми «Кори дорусозӣ»аз 15.06.16с. то 28.06.16с. аз фанни «Ботаника» ва курси 2- юми ихтисоси «Кори дорусозӣ» аз 22.06.16с. то 05. 07. 16с. аз фанни «Фармакогнозия» аз  ТТИ гузаштанд. Донишҷӯёни бахши 2-уми  «Кори лабораторӣ» аз 1.06.16с. то 14.06.16с. аз ТТИ гузаштанд.

Донишҷӯёни бахши 3-юми «Кори лабораторӣ» аз 8.06.16с. то 21.06.16 ТТИ гузаштанд.

Аз 17.11.16с. то 28.12.16с. ТТИ дар курси 4-юми ихтисоси «Кори лабораторӣ» оид ба «Кор дар лабораторияҳои клиникӣ, микробиология  ва  санитарӣ ва беҳдоштӣ» гузашта истодаанд.

Донишҷӯёни бахши сеюми кори беҳдоштӣ аз 8.06.16.то 21.06.15 барои таҷрибаомӯзи таълими- истеҳсоли равон карда шуд.

Аз 01.12.16с. то 28.12.16. ТТИ дар курси 4-юми ихтисоси «Кори тиббӣ – профилактикӣ» таxрибаомӯзиро оид ба «Ёрдамчии духтури санитарӣ ва эпидемиолог» ва «Кор дар стансияи гандзидои» гузашта истодаанд.

Аз 8.12.15с. то 04.01.2016 сол дар курси 4-уми ихтисоси «КУТ» аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ва «Кор бо оилаҳо ТТИ узаронида мешавад.

Курсҳои 2-юми ихтисосҳои «КУТ», «КМД», ва 3-юми «Кори ҳамширагӣ« аз 8.06.16с.то 21.06.16с. аз ТТИ дар заминаи муассисаҳои табобатии шаҳр  ва  вилоят  гузаштанд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯён дар ин марҳилаи таҷрибаомӯзиҳо донишҳо ва малакаву маҳорати касбии бадастовардаро мустаҳкам менамоянд. Таҷрибаомӯзиҳо дар зери роҳбарии умумӣ, методӣ, ва бевосита гузаронида шуда, дар ин маврид онҳо ба корҳои ба сомон расонидашуда, дастамалҳои иxрокардашуда рӯзнома пур мекунанд ва дар охири ТТИ ҳисоботи оморӣ ва хаттӣ месупоранд ва танҳо пас аз ин ба имтиҳонҳои ҷорӣ роҳ дода мешаванд. Роҳбарони методӣ оид ба ТТИ ба бахши таълими амалӣ ҳисобот месупоранд, ки дар он ҷиҳати мусбат ва манфии ТТИ- ро қайд менамоянд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ТТИ-ро ба бахши таълими амалӣ месупоранд.

Таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ (ТКД).Таҷрибаомӯзиҳои қаблидипломӣ, ки дар муассисаҳои муолиҷавӣ- профилактикӣ, дорухонаҳо ва лабораторияҳо вобаста бо фанҳои ихтисосӣ гузаронида мешаванд, марҳилаи охирини таълими амалӣ ба шумор рафта, дар боз ҳам ташаккул ёфтан ва соҳиб гардидан ба малакаҳои касбӣ нақши муҳим дорад.

Кабл аз таҷрибаомӯзиҳо бо донишҷҷӯён, роҳбарони бевосита, методӣ ва умумӣ аз ҷониби бахши таълими амалӣ дастурдиҳиҳо оид ба ташкил, гузаронидан ва гузаштани таҷрибаомӯзиҳо, ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзиҳо, ҷамъбасти таҷрибаомӯзиҳо гузаронида шуданд.Таҷрибаомӯзиҳои қаблидипломии дар муассисаҳои тиббӣ – профилактикӣ, фарматсевтӣ дар мӯҳлатҳои зерин ва сатҳи хуб ба анxом расонида мешавад.

Ихтисоси «Кори лабораторӣ», аз 06.04.16с. то 07. 06.16с.

Ихтисоси «Кори дандонсозӣ»,  аз 13.04.16с. то 07.06.15с.

Ихтисоси  «Кори беҳдоштиb», аз 13.04.16. то 7.06.16сол.

Ихтисоси «Кори фарматсевтӣ», аз 13.04.16. то 7.06.16с.

Ихтисосҳои «Кори умумитиббӣb», «Кори момодоягӣ».(курси 4) аз 20.04.16с. то 14.06.16с.

Ихтисосҳои «Кори момодоягӣ», «Кори умумитиббӣ»,»Кори ҳамширагӣ» (курси 3) аз 13.04.16.то 07.06.16с. Кайд намудан бисёр бамаврид, аст ки чунин намуди таҷрибаомӯзиҳо хело ҳам самаранок буда, дар оянда барои боз ҳам бештар намудани онҳо кӯшиш намудан лозим аст, чунки дар ин таҷрибаомӯзиҳо донишҷӯён бевосита дар як ҷойи корӣ, аз як намуди таҷрибаомӯзӣ мегузаранд ва дар он малакаву маҳоратҳои хуби касби пайдо менамоянд. Таҷрибаомӯзиҳо аз ҷониби маъмурият, бахши таълим ва таълими амалӣ мунтазам назорат карда шуда, сатҳ ва сифати онҳо мунтазам санҷида шуда, ба роҳбарони бевосита ёри амаливу методӣ оид ба таҷрибаомӯзиҳо расонида мешуданд.

Дар охири таҷрибаомӯзиҳо донишҷӯён рӯзномаи тачрибаомӯзиҳое, ки гузаштанд пур карда, ҳисобот ва тавсифномаи аз ҷониби роҳбарони таҷрибаомӯзиҳо гирифтаи худро ба бахши таълими амалӣ месупоранд ва ба комиссияи махсусе, ки бо фармоиши директор таъсис дода шудааст, санҷиши тафриқавӣ аз таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ, оид ба малакаву маҳорати касбӣ ва дастамалҳоро месупоранд.

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ