Таърихи Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа

Таърихи Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 1 сентябри соли 1969 сар мешавад. Дар асоси Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 19.12.с.1968 № 346 дар бораи таъсис додани омӯзишгоҳи тиббӣ дар заминаи вуҷуддоштаи филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа шӯъбаҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ таъсис дода шудааст. Дар солҳои аввали таъсисёбии омӯзишгоҳ аз сабаби нарасидани мутахассисон душвориҳои зиёд пайдо мешуданд. То давраи кушодашавии омӯзишгоҳи тиббӣ филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, ки роҳбарии онро ҷарроҳ Раҳматов Теша Раҳматович ба ӯҳда дошт. Асосгузор ва директори аввалани таълимгоҳи мазкур Гамидова А.Д. мебошад, ки ӯ роҳбарии омӯзишгоҳи тиббиро аз соли 1969 то соли 1972 ба ӯҳда дошт. Аз соли 1972 то соли 1975 роҳбарии Омӯзишгоҳи  тиббиро Ҳакимова Р.П. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1975 то соли 2004 роҳбарии омӯзишгоҳро Аълочии маориф, дорандаи ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии тандурустии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, собиқадори меҳнат Воҳидов Раҳим Воҳидович ба ӯҳда дошт. Ӯ аз умри пурбаракати худ 30 солашро ҳамчун директор гузаронидааст. Воҳидов Р.В. дар эҳё ва ташакул ёфтани коллеҷ маҳорати ташкилотчигии хешро зоҳир намуда, нисбат ба худ ва дигарон серталаб, ҳақиқатпараст ва дар баробари ин ҳалиму хоксор буд.

Аз соли 2004 то моҳи марти соли 2008 корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳи дараҷаи олӣ Муродов Иноят Мармарович роҳбари коллеҷ буд. Айни ҳол мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳрии шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор мекунад. Аз моҳи марти соли 2008 то 5 октябри соли 2010 номзади илмҳои тиб, духтури ҷарроҳ Партов Мустафо  Шоймардонович роҳбарии коллеҷи тиббиро ба ӯҳда дошт.

Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва бо Фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 духтури бемориҳои қалб, номзади илмҳои тиб Нуриддинов Аскар Давронович директори Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид.

Соли хониши 1969-1971 хатми якуми шӯъбаи кори ҳамширагии кӯдакона - 25 нафар, кори ҳамширагӣ дар муассисаҳои табобатӣ- 25 нафар ба вуқуъ пайваст. Солҳо сипарӣ мешуданд. Ҷумҳуриамон тараққӣ мекард. Беморхонаи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ташкил шуда, ба фаъолият шурӯъ мекарданд ва дар баробари ин ҳама пешравиҳо талабот ба мутахассисони миёнаи соҳхаи тиб меафзуд. Дар омӯзишгоҳ низ ихтисосҳои нав кушода мешуданд. Дар назди омӯзишгоҳ филиалҳои ноҳиявӣ дар назди беморхонаҳо ташкил карда шуда буданд.

Дар омӯзишгоҳи тиббӣ таълим дар ду баст гузаронида мешуд. Бо гузашти айём заминаи моддӣ-техникии омӯзишгоҳ беҳтар шуда барои хонандагон соли 1976 хобгоҳи чорошёна сохта ба истифода дода шуд.

Муассисаи таълими “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа” дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 сол таҳти № 100, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04.1999 сол  таҳти № 141 “Оиди табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба Коллеҷҳои тиббӣ” таъсис дода шудааст.

Мутассифона, аз сабаби дар соли 1992 сӯхта нобуд шудани бинои омӯзишгоҳ аз бойгонӣ теъдоди хонандагон ва хатмкунандагони солҳои 1990-1994 дарёфт карда нашуд. Аз соли 1995 то соли 2015 теъдоди хатмкунандагони коллеҷ ва гурӯҳҳои мақсадноки он чунин буд:

 

 

Соли хатм

Теъдоди хатмкунандагон

1995

395 нафар

1996

372 нафар

1997

522 нафар

1998

237 нафар

1999

84 нафар

2000

339 нафар

2001

164 нафар

2002

332 нафар

2003

85 нафар

2004

273 нафар

2005

135 нафар

2006

218 нафар

2007

313 нафар

2008

381 нафар

2009

351 нафар

2010

707 нафар

2011

636 нафар

2012

696 нафар

2013

791 нафар

2014

863 нафар

2015

602 нафар

 

 

 

Гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи тиббӣ, ки дар назди беморхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мекарданд, дар соли 2005 мувақкатан боздошта шуданд ва дар соли 2008 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва омодасозии мутахассисони кори ҳамширагӣ дар назди Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 4.08.2008 сол таҳти № 183/39 гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят кушода шуданд. Мутобиқи банди 15 Низомномаи Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 сол таҳти № 603 тасдиқ шудааст.

Барои таълими гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои 12 шаҳру ноҳия синфхонаҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд ва донишҷӯён бо китобҳои тахассусӣ таъмин карда шудаанд. Дар гурӯҳҳои мақсадноки назди коллеҷ низ таҳсил рӯзона буда, донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Дар коллеҷ ва гурӯҳҳои мақсадноки назди он таълим бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гурӯҳҳои мақсаднок донишҷӯён дар шӯъбаи кори ҳамширагӣ таҳсил карда, муддати таҳсил 2 солу 10 моҳ мебошад.

Мақсади кушода шудани гурӯҳҳои мақсаднок ин ҷалб кардани духтарони деҳот, ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ ва бо ин роҳ таъмин кардани аҳолии деҳот бо мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ мебошад. Дар соли 2010 аввалин хатмкунандагони ин гурӯҳҳо, ки теъдоди онҳо 235 нафарро ташкил медод, ба кор фиристода шуданд.   Дар айни ҳол теъдоди донишҷуёни гурӯҳҳои мақсаднок дар 12 ноҳияҳои минтақаи  Қӯрғонтеппа  1289-нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1072 нафарашон донишҷӯдухтарон мебошад.