Нуриддинов Аскар Давронович

Нуриддинов Аскар Давронович  санаи 29.04 соли 1963 дар Ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1980 ба Донишкадаи тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе дохил шудааст. Дар соли 1986 Донишкадаи тиббиро бо муввафақият ба итмом расонида фаъолияташро дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов ҳамчун духтури бемориҳои қалб оғоз намудааст.  Дар солҳои 2006-2010  сардухтури Маркази ташхисию табобатии “Даво” ва директори маркази бемориҳои қалб дар вилояти Хатлон шуда фаъолият намудааст. Аз санаи 06.10 соли 2010 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯрғонтеппа”  кор карда  истодааст. Дар соли 2012  диссертатсияро дар мавзӯи “Оценка эффективности приминения метаболических препаратов на регуляцию и вариабельность сердечного ритма у больних острым инфарктом миокарда” ҳимоя намуда сазовори номзади илми тиб гаштааст.

Нуриддинов  Аскар Давронович номзади илми тиб буда, аълочии соҳаи тандурустӣ,  маориф ва дорандаи Медали  Шафқат  мебошад.  Аз ҷониби Нуриддинов А.Д. китоби таълимии Микробиология бо асосҳои вогиршиносӣ, дастурҳои таълимии  кори ҳамширагӣ дар бемориҳои амрози даруна, паталогияи умумӣ, забон ва маданияти нутқ, дорушиносӣ, асосҳои информатика, асосҳои зебоишиносӣ ва ахлоқ омода карда шудааст. Дар айни ҳол бо ҳамкории олимони Донишкадаи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа китоби таълимии “Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва паразиталогия”-ро омода намуда истодаанд.

Оиладор,  соҳиби 5 фарзанд мебошанд.