Базаи модди техникӣ таъминот ва таҷҳизот барои омӯзиш

Бо сабаби дар соли 1992  сӯхта нобуд гардидани бинои таълимии таълимгоҳ ҳоло коллеҷи тиббӣ дар як қисми бинои хобгоҳи худи таълимгоҳ ҷойгир мебошад, бинои коллеҷи тиббӣ 4-ошёна буда ду қанот дорад дар қаноти аввали бино ҳуҷраҳои таълимӣ ва маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳисобдорӣ, қироатхона, китобхона, китобхонаи электронӣ, 2 лабораторияи таълимии дандонсозӣ  ва бунгоҳи тиббӣ мавқеъ доранд. Дар қаноти дигари бино хобгоҳи коллеҷ, ки дорои 170 ҷойи истиқомат мебошад, ҷойгир карда шудааст. Дар умум, ҳолати беҳдорию беҳдоштӣ, зидди сӯхторӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, кабинетҳо, хобгоҳ, ҳуҷраҳои хобгоҳ барои таҳсили донишҷӯён ҷавобгӯ мебошад. Барои гузаронидани машғулият 91 синфхонаи таълимӣ бо 1585  ҷойи нишаст таҷҳизонида шудааст. Барои таъмири бино дар соли 2015 ба маблағи 36 050 сомонӣ аз ҳисоби буҷа ва аз ҳисоби сармоягузорон ба маблагӣ 35 000 сомонӣ харҷ шудааст. Аз ҷумла  роҳравҳои ошёнаи якуми бинои таълимӣ  сафолпӯш карда шуда, девораҳои бинои таълимӣ  аз берун рангу бор карда шуд.  Барои харидори намудани таҷҳизотҳои синфхонаи лингофонӣ  ба маблағи 110 650 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ хароҷот шудааст. Масоҳати умумии коллеҷ  3119 м. кв аз он ҷумла таълимгоҳ 764 м.кв.  бинои хобгоҳ 762 м.кв.  мебошад. Барои таълими тарбияи ҷисмонӣ 1 майдончаи варзишӣ ва зали хурд амал мекунад.

Сохтумони бинои навӣ  муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа”  аз моҳи  июни соли ҷорӣ оғоз гардид.  Сохтумони бинои мазкур  аз ҳисоби  суратҳисоби  махсус бунёд  карда мешавад. Бино бо таҳхона, синфхонаҳо, дар ошёнаи дуюм  толори маҷлисгоҳ  ва дар ошёнаи сеюм  толори варзиши сохта мешавад.

Дар санаи 05.05 соли 2015 дар асоси тендер, ки дар вилояти Хатлон гузаронида шуд, (протоколи № 664 Н/6-112  барои бино 3 465 108 сомонӣ аз суратҳисоби махсус) сарфа карда мешавад.

Миқдори синфхонаҳои компютерӣ -3 то

Миқдори компютерҳои корӣ 135 адад

Миқдори принтерҳо  43 адад

Миқдори асбобҳои нусхабардорӣ 4 адад

Мултипроектор 2 адад

Сканер 1 адад

Доскаи электрони 5 адад.

10 компютер ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. 

Дар таълимгоҳ 1 китобхонаи электронӣ ва 1 қироатхона бо 65-ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Дар қироатхона ҳамарӯза то 40-60 нафар донишҷӯён омада, дар толори хониш ба мутолиаи адабиётҳо машғул мешаванд.

Бештари китобҳои таълимии тахассусӣ ҳам дар байни донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон дар гардиш мебошанд, аз он ҷумла китобҳои фанҳои  анатомия, ҷарроҳия, кори ҳамширагӣ, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои занона, момоӣ,  сад дастамали кори ҳамширагӣ, забони лотинӣ, педиатрия, гистология, физиологияи эътидолӣ, бемориҳои амрози даруна, бемориҳои асабу руҳ, гистология ва паталогияи умумӣ ва ғайра. 

Дар китобхона Шӯрои китобхона дар ҳайати  7 нафар ташкил карда шудааст. 

Китобдор  якҷоя бо роҳбарияти коллеҷ  барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзоёни китобхона ва хазинаи китобхона, таъмири китобҳои кӯҳнаву фарсудашуда ва маҳфуздории сифатноки китобҳо мунтазам саъю кӯшиш менамоянд.

Ба ғайр аз бинои таълимӣ дар коллеҷ пойгоҳҳои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ фаъолият менамояд.  Ин пойгоҳҳои таълимӣ дар Марказҳои табобатӣ ва пешгирикунандаи шаҳрию   вилоятии минтақаи  Қӯрғонтеппа ҷойгир мебошанд. Дар ин марказҳо бештар машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни ҳамаи шӯъбаҳо гузаронида мешавад. Дар 2-соли охир миқдори синфхонаҳои таълимӣ дар ин пойгоҳҳои таълимӣ ба 47-то расидааст. Синфхонаҳои таълимӣ дар пойгоҳхои таълимӣ ба тариқи зайл ҷойгир шудааст:

  1. Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Б.Воҳидов 8-то.
  2. Беморхонаи шаҳрӣ 4-то.
  3. Дармонгоҳи кӯдакона 4-то
  4. Маркази соломатии шаҳри Қӯрғонтеппа 4-то
  5. Беморхонаи саратоншиносӣ 3-то
  6. Машваратхонаи занонаи вилояти Хатлон – 4 то
  7. Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон 2-то
  8. Дорухонаи № 4 1-то.
  9. Маркази стансияи «Ёрии таъҷилӣ» 1 то.
  10. Диспансери «Бемориҳои чашм» 1-то
  11. Маркази ташхисию-табобатии «Даво» 3-то
  12. Маркази бемориҳои қалб 4 то.
  13. Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа 2-то
  14. Маркази санитарӣ-эпидемиологии вилоятӣ ва шаҳрӣ 4-то
  15. ҶДММ Хатлонфарматсия 1 то.
  16. ҶДММ Сафар 1 то.

Гузаронида шудани машғулиятҳо дар ин марказҳо аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва  Гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ҳамарӯза санҷида мешаванд. Дар моҳи феврал санҷиши сифати таълими  донишҷӯёни бахши  4-уми шӯъбаи кори умумитиббӣ, ки дар Маркази тибби оилавии шаҳри  Қӯргонтеппа машғулият  мегузаранд  санҷӣда шуд. Машғулиятҳои амалии шӯъбаи кори фармасевтӣ, ки дар дорухонаҳои шаҳри и Қӯрғонтеппа гузашта мешавад, низ санҷида шуд. Натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ҷаласаҳои рӯзи душанбе баррасӣ карда шуд.

 Дар коллеҷ барои шӯъбаи кори дандонсозӣ 2-лаборатория амал мекунад. Аз нимсолаи дуюм  сар карда машғулиятҳои амалӣ барои шӯъбаи кори дандонсозӣ дар ин лабораториҳо гузаронида шуда истодааст. Инчунин дар шӯъбаҳои кори момодоягӣ, умумитиббӣ ва ҳамширагӣ  фанни бемориҳои дандон низ дар ин лабораторияҳо   гузаронида мешавад. Ба донишҷӯён доир ба нозукиҳои  ин фан омӯзгорони собиқадор Каримова Ҳ. ва Абдураҳимов М.  сабақ медиҳанд.

Фаъолияти молиявии Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа» .

Маблағгузории  Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа» .аз ҳисоби буҷаи маҳаллии вилояти Хатлон пардохт карда мешавад. Харҷномаи  нигоҳдории Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа»  дар Сарраёсати молияи вилояти  Хатлон ҳамасола тасдиқ карда мешавад. Пардохти маблағгузори бо тариқи бонки ва нақдӣ буда, пардохти музди омӯзгорон ва кормандон ба тариқи кортҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Идрорпулии донишҷуён дар як сол ду маротиба аз рӯи натиҷаи сессияҳо (зимистона ва тобистона) муқаррар карда мешавад. Идрорпули донишҷӯён аз тарафи мудирони шӯъбаҳо фонди идрорпулӣ шӯъбаҳо муқаррар гардида бо пешниҳоди Комиссияи  идрорпулии Муассиса дода мешавад. Рӯйхати донишҷӯён, ки ба онҳо идрорпулӣ таъин карда шудааст, бо фармоиши директории колеҷ тасдиқ карда мешавад. Комиссияи идрорпулӣ фаъолияти худро дар асоси низомнома ба роҳ мондааст. Фонди идрорпули дар коллеҷи тиббӣ дар асоси Низомномаи  таъиноти идрорпулӣаз 1-уми апрели соли 2006 ба андозаи 60 % шумораи умумии донишҷӯён муқаррар карда шудааст. Ба донишҷӯёне, ки бо баҳои   «Аъло» таҳсил менамоянд 97- сомони 80-дирам, ба донишҷӯёне, ки бо баҳои «Аъло» ва «Хуб» таҳсил менамоянд 69 сомонӣ 85 дирам муқаррар карда шудааст. Ба донишҷуёне, ки  бо баҳои «Аъло», «Хуб» ва қаноатбахш (1) таҳсил менамоянд  ба маблағи 27 сомон идрорпулӣ дода мешавад.   

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ