Маълумотҳои оид ба ташкили донишандузӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМҶТ ва ВТҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 17 майи соли 2004, № 34, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ” аз 15 майи соли 1997, № 420, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009с., №126 тасдиқ карда шудааст, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ, 02.08.2010с., № 385 тасдиқ карда шудааст, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31.10.2008 сол, №512 тасдиқ карда шудааст, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марти соли 2006, № 94,  Оинномаи коллеҷ, ки онро Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.02.2015с.  таҳти № 109 тасдиқ намудааст ва аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, фармоиш ва супоришҳои Вазорати маориф ваилми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҶТ (нашри сс. 2008, 2011), инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ