ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ШАРИКИ ҲАМАИ ДАВЛАТҲО МЕБОШАД».

Мусаллам аст , ки таъмин  намудани сулҳу субот  ва амнияти   пойдори  кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои  калидӣ  ва шарти  муҳимтарини роҳандозиву  пешбурди  равандҳои  созанда ба хотири  рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

 Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон гирифта ба асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз даҳ ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида тақрибан 4 ҳазор нафар қурбонӣ шудаанд. 32%-и қурбониён ва 53 %-и маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.

Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳои наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини субботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем.

Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсозии Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонда шавад.

Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зидди террористии он қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд. Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратагӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани «ҷанги сард» возеҳ мушоҳида мешаванд. Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонда, ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми чаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар иртибот ба ин таъкид карданиям, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ мебошад.Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.

Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат  бо зуҳуроти  хатарзои замони муосир  бояд бар пояи  ҳусни  эътимод ҳамдастиву  ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту  ниҳодҳои амниятии  кишварҳо ва мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ба рох монда шавад. Ба ин манзур кишвари мо ҳамчун узви фаъоли СММ ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид.

Тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро  мо яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳое медонем , ки дар Стратегияи миллии  мо оид ба  мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ  барои солҳои 2016- 2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи  мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Дар ин росто ,Тоҷикистон имрӯз ҳамкориҳои Ҳадафмандонаро бо шарикони худ  дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ,ба мисли ИДМ ,Созмони Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории  Шанхай  роҳандозӣ намудааст.  Мо ҷиҳати  татбиқи ҳадафҳои ин ниҳодҳо дар ҷодаи таъмини субботу амният минбаъд низ талош хоҳем кард.

          Вобаста ба ин, қобили таъкид аст,ки тайи солҳои охир  муносибатбатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд. Ин дар навбати худ, имкон фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа ҳамкориву  ҳамоҳангиҳои самарбахшро дар соҳаи амниятӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд.

        Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои  миёни кишвархои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро чиҳати таҳкиму тавсеаи  ҳамкориҳояш дар ин  самт бо тамоми кмшварҳои ҳамҷавор иброз  медоранд.

Директор

Меню асосӣ

Тақвим

« December 2018 »
Mon Tue Wed Thu Fri Sat Sun
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Обу ҳаво

Китобхона

Видеоматериалҳо

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ