Дар бораи коллеҷ

Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМҶТ ва ВТҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 17 майи соли 2004, № 34, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ” аз 15 майи соли 1997, № 420, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009с., №126 тасдиқ карда шудааст, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ, 02.08.2010с., № 385 тасдиқ карда шудааст, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31.10.2008 сол, №512 тасдиқ карда шудааст, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марти соли 2006, № 94,  Оинномаи коллеҷ, ки онро Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.02.2015с.  таҳти № 109 тасдиқ намудааст ва аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, фармоиш ва супоришҳои Вазорати маориф ваилми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҶТ (нашри сс. 2008, 2011), инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Таърихи Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 1 сентябри соли 1969 сар мешавад. Дар асоси Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 19.12.с.1968 № 346 дар бораи таъсис додани омӯзишгоҳи тиббӣ дар заминаи вуҷуддоштаи филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа шӯъбаҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ таъсис дода шудааст. Дар солҳои аввали таъсисёбии омӯзишгоҳ аз сабаби нарасидани мутахассисон душвориҳои зиёд пайдо мешуданд. То давраи кушодашавии омӯзишгоҳи тиббӣ филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, ки роҳбарии онро ҷарроҳ Раҳматов Теша Раҳматович ба ӯҳда дошт. Асосгузор ва директори аввалани таълимгоҳи мазкур Гамидова А.Д. мебошад, ки ӯ роҳбарии омӯзишгоҳи тиббиро аз соли 1969 то соли 1972 ба ӯҳда дошт. Аз соли 1972 то соли 1975 роҳбарии Омӯзишгоҳи  тиббиро Ҳакимова Р.П. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1975 то соли 2004 роҳбарии омӯзишгоҳро Аълочии маориф, дорандаи ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии тандурустии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, собиқадори меҳнат Воҳидов Раҳим Воҳидович ба ӯҳда дошт. Ӯ аз умри пурбаракати худ 30 солашро ҳамчун директор гузаронидааст. Воҳидов Р.В. дар эҳё ва ташакул ёфтани коллеҷ маҳорати ташкилотчигии хешро зоҳир намуда, нисбат ба худ ва дигарон серталаб, ҳақиқатпараст ва дар баробари ин ҳалиму хоксор буд.

Аз соли 2004 то моҳи марти соли 2008 корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳи дараҷаи олӣ Муродов Иноят Мармарович роҳбари коллеҷ буд. Айни ҳол мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳрии шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор мекунад. Аз моҳи марти соли 2008 то 5 октябри соли 2010 номзади илмҳои тиб, духтури ҷарроҳ Партов Мустафо  Шоймардонович роҳбарии коллеҷи тиббиро ба ӯҳда дошт.

Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва бо Фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 духтури бемориҳои қалб, номзади илмҳои тиб Нуриддинов Аскар Давронович директори Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид.

Соли хониши 1969-1971 хатми якуми шӯъбаи кори ҳамширагии кӯдакона – 25 нафар, кори ҳамширагӣ дар муассисаҳои табобатӣ- 25 нафар ба вуқуъ пайваст. Солҳо сипарӣ мешуданд. Ҷумҳуриамон тараққӣ мекард. Беморхонаи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ташкил шуда, ба фаъолият шурӯъ мекарданд ва дар баробари ин ҳама пешравиҳо талабот ба мутахассисони миёнаи соҳхаи тиб меафзуд. Дар омӯзишгоҳ низ ихтисосҳои нав кушода мешуданд. Дар назди омӯзишгоҳ филиалҳои ноҳиявӣ дар назди беморхонаҳо ташкил карда шуда буданд.


 Дар омӯзишгоҳи тиббӣ таълим дар ду баст гузаронида мешуд. Бо гузашти айём заминаи моддӣ-техникии омӯзишгоҳ беҳтар шуда барои хонандагон соли 1976 хобгоҳи чорошёна сохта ба истифода дода шуд.

Муассисаи таълими “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа” дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 сол таҳти № 100, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04.1999 сол  таҳти № 141 “Оиди табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба Коллеҷҳои тиббӣ” таъсис дода шудааст.

Дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа мувофиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ 7 шӯъба амал мекунад :

  1. Кори момодоягӣ (ихтисос-момодоя)
  2. Кори умумитиббӣ (ихтисос-ҳамшираи (бародари)  тибби оилавӣ).
  3. Кори ҳамширагӣ (ихтисос-ҳамшираи тиббӣ).
  4. Кори лабораторӣ (ихисос – тахассуси мутахассис лаборант).
  5. Кори фармасевтӣ (ихтисос-ёрдамчии фармасевт).
  6. Кори беҳдоштӣ-вогиршиносӣ (ихтисос-ёрдамчии духтури санитарӣ ва эпидемиолог).
  7. Кори дандонсозӣ (ихтисос-техники дандон).

 Мутассифона, аз сабаби дар соли 1992 сӯхта нобуд шудани бинои омӯзишгоҳ аз бойгонӣ теъдоди хонандагон ва хатмкунандагони солҳои 1990-1994 дарёфт карда нашуд. Аз соли 1995 то соли 2015 теъдоди хатмкунандагони коллеҷ ва гурӯҳҳои мақсадноки он чунин буд:

 

Соли хатм

Теъдоди хатмкунандагон

1995

395 нафар

1996

372 нафар

1997

522 нафар

1998

237 нафар

1999

84 нафар

2000

339 нафар

2001

164 нафар

2002

332 нафар

2003

160 нафар

2004

273 нафар

2005

135 нафар

2006

218 нафар

2007

313 нафар

2008

381 нафар

2009

351 нафар

2010

707 нафар

2011

636 нафар

2012

696 нафар

2013

791 нафар

2014

863 нафар

2015

602 нафар

 

 

        

Гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи тиббӣ, ки дар назди беморхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мекарданд, дар соли 2005 мувақкатан боздошта шуданд ва дар соли 2008 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва омодасозии мутахассисони кори ҳамширагӣ дар назди Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 4.08.2008 сол таҳти № 183/39 гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят кушода шуданд. Мутобиқи банди 15 Низомномаи Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 сол таҳти № 603 тасдиқ шудааст.

         Барои таълими гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои 12 шаҳру ноҳия синфхонаҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд ва донишҷӯён бо китобҳои тахассусӣ таъмин карда шудаанд. Дар гурӯҳҳои мақсадноки назди коллеҷ низ таҳсил рӯзона буда, донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд.

         Дар коллеҷ ва гурӯҳҳои мақсадноки назди он таълим бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гурӯҳҳои мақсаднок донишҷӯён дар шӯъбаи кори ҳамширагӣ таҳсил карда, муддати таҳсил 2 солу 10 моҳ мебошад.

         Мақсади кушода шудани гурӯҳҳои мақсаднок ин ҷалб кардани духтарони деҳот, ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ ва бо ин роҳ таъмин кардани аҳолии деҳот бо мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ мебошад. Дар соли 2010 аввалин хатмкунандагони ин гурӯҳҳо, ки теъдоди онҳо 235 нафарро ташкил медод, ба кор фиристода шуданд.   Дар айни ҳол теъдоди донишҷуёни гурӯҳҳои мақсаднок дар 12 ноҳияҳои минтақаи  Қӯрғонтеппа  1289-нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1072 нафарашон донишҷӯдухтарон мебошад.

 СОХТОРИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ.

Коллеҷ чунин сохтор дорад:

Бахши рӯзона:

а) Шӯъбаҳои бо таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо мӯҳлати таҳсили 3 солу 10 моҳ:

  • Кори умумитиббӣ;
  • Кори момодоягӣ.

б) Бо таҳсилоти миёнаи умумӣ,  бо мӯҳлати таҳсили  –  2 солу 10 моҳ

  • «Кори ҳамширагӣ»
  • «Кори лабораторӣ»
  • «Кори дандонсозӣ»
  •  «Кори фарматсевтӣ»
  • «Кори беҳдошт, санитария, эпидемиология »
  • Шуъбаи шабонаи бо мӯҳлати таҳсили 3 солу 3 мох
  • Шӯъбаи кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ

ғ)  Қисми амалия (таҷрибаомӯзӣ).

д)  Қисми таълимӣ.

е)  Кафедраҳо.

ё)  Кабинетҳои таълимӣ ва лабораторияҳо.

ж) Муҳосибот.

з)  «Бунгоҳи тиббӣ».

и)  Шӯъбаи кадрҳо.

ӣ)  Заминаи варзишӣ.

й)  Қисми хоҷагӣ.

й)  Китобхона.

к)  Китобхонаи электронӣ

қ)  Хобгоҳ.

л)  Ошхона.

с)  Бойгонӣ.

ИДОРАКУНИИ  КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

          Идоракунии Коллеҷ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи коллеҷ сурат мегирад.

Идоракунии умумии Коллеҷ аз тарафи Шӯрои илмӣ-педагогӣ (органи олии худидоракунӣ) ба роҳ монда шуда роҳбарии онро директори Коллеҷ ба ӯҳда дорад.

Вобаста ба миқдори донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар Коллеҷ, дар ҷадвали воҳидҳои  кории он, ки Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, вазифаҳои зерин пешбинӣ карда шудааст: муовини  директори Коллеҷи тиббӣ оид ба:  корҳои таълимии Коллеҷ,  таълимӣ амалӣ, тарбиявӣ; сармуҳосиб, ёрдамчии сармуҳосиб, мудирони шӯъбаҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбари гурӯҳҳои мақсаднок,   методист,  роҳбари тарбияи ҷисмонӣ, сардори шӯъбаи кадрҳо, китобдор ва хазинадор.

 Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, акредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди ВМҶТ ва ВТҶТ-ро (шаҳодатномаи силсилаи ВТ ВМ № 000023 ,    аз 13.04. 2015с.) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст  (шаҳодатномаи силсилаи  АУ № 0000004     аз 16. 06. 2014 с.)

 Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон  мебошад.  Дар он шакли таълим рӯзона ва  шабона  буда, зиёда аз 3765   (дар коллеҷи тиббӣ- 2 212 нафар ва гурӯҳҳои мақсаднок – 1289  нафар) донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд. Дар шӯъбаи шабона  264 нафар донишҷӯён  таҳсил   намуда истодаанд .  Дар коллеҷ  106 нафар  омӯзгорони асосӣ, аз он  ҷумла  24  нафар омӯзгорон аз ҳисоби ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.

Имрӯзҳо коллеҷи мазкур дорои зиёда аз 91 кабинет ки аксарияти онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда,  барои гузаштани дарсҳо мувофиқ карда шудааст,   2 лаборатория барои шӯъбаи кори дандонсозӣ,  инчунин  “Бунгоҳи тиббӣ”, 3 кабинети фаннии компютерӣ, ки бо Шабакаи интернет пайваст мебошанд, китобхонаи электронӣ ва 1 синфхонаи лингафонӣ барои фанни забони англисӣ  бо 17  компютерҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои касбинтихобкунӣ барои шӯъбаҳои амалкунанда (7), 2 ҳуҷраи таълимӣ барои машғулиятҳои танзими оила, ки бо маводҳои контрасептивӣ ва мулӯъҳои узвҳои ҷинсии занона ва мардона, симулятори зоиш-зани зоянда,  кӯдаки навзод бо асбоби ёрии фаврӣ ва доскаи электронӣ ҷиҳозонида шудааст. Инчунин китобхона бо қироатхона бо 65 ҷойи нишаст, толори хурд бо 35 ҷойи нишаст барои гузаронидани дарсҳои амалӣ  истифода аз доскаҳои электронӣ,  майдончаи варзишӣ, 1 ошхона бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон таъмин мебошад. Имсол ба Коллеҷи тиббӣ 4 доскаи электронӣ харидори карда шуда, дар кафедраҳо ҷой карда шуд. Айни ҳол  омӯзгорони кафедраҳо машғулиятҳои худро бо  истифода аз доскаи электронӣ ба роҳ мондаанд.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим,  азхудкунӣ, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ буда, дар коллеҷ аз соли 2007 тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Корҳои бештари кафедраҳо назаррас буда,  саҳми онҳо барои ташкил ва амалисозии хуби раванди таълиму тарбия бузург мебошад. Дар таълимгоҳ 

10-кафедра фаъолият дорад :

 Кафедраи фанҳои  “Ҷамъиятӣ ва таҳсилоти умумӣ”.

  1. Кафедраи фанҳои “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия”;
  2. Кафедраи фанҳои “Тиббӣ биологӣ”;
  3. Кафедраи фанҳои “Кори ҳамширагӣ”;
  4. Кафедраи фанҳои “Тиббӣ оилавӣ”;
  5. Кафедраи фанҳои “Забонҳо”;
  6. Кафедраи фанҳои морфологӣ
  7. Кафедраи бемориҳои амрози даруна ва кӯдакона
  8. Кафедраи момоӣ ва бемориҳои занона
  9. Кафедраи фармасевтӣ

 Дар кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ барои донишҷӯён фаъолият менамоянд. Дар 3 соли охир дар коллеҷ 1 нафар рисолаи номзади илми тиб ҳимоя намуд. Имрӯзҳо дар коллеҷ 3 нафар омӯзгорон баҳри номзадии илм корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.

         Бояд қайд намуд, ки  ба  Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳама барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад. Ин барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.  Вобаста ба ин ҳамасола  дар аввали соли хониш аз ҷониби қисми таълимии коллеҷ ва мудирони шӯъбаҳо нақшаҳои таълимӣ омода ва тайёр карда шуда, ба ҳамаи гурӯҳҳо тақсим карда мешавад.

Дар коллеҷ бо мақсади дуруст ташкил ва ба роҳ мондани раванди таълим, назорати ҷараёни таълим, давомот ва сифати таълим шӯъбаҳо ташкил карда шудаанд, ки миқдори шуъбаҳо дар коллеҷ 4-то мебошад.

Дар соли сипаригашта иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиктистон бармеояд  (23.01.2015), «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003с., № 508 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши  забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.с.2009 № 600 “Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020”, “ Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2020”, Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.соли 2011 таҳти № 762  “Дар бораи  масъулияти падару модар  дар  таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.06.соли 2007 таҳти № 274 “Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”,   қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши муҳассилин дар маркази диққати раёсату кафедраҳо қарор дорад.

2. ПОЯИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМӢ-ЛАБОРАТОРӢ

Бо сабаби дар соли 1992  сӯхта нобуд гардидани бинои таълимии таълимгоҳ ҳоло коллеҷи тиббӣ дар як қисми бинои хобгоҳи худи таълимгоҳ ҷойгир мебошад, бинои коллеҷи тиббӣ 4-ошёна буда ду қанот дорад дар қаноти аввали бино ҳуҷраҳои таълимӣ ва маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳисобдорӣ, қироатхона, китобхона, китобхонаи электронӣ, 2 лабораторияи таълимии дандонсозӣ  ва бунгоҳи тиббӣ мавқеъ доранд. Дар қаноти дигари бино хобгоҳи коллеҷ, ки дорои 170 ҷойи истиқомат мебошад, ҷойгир карда шудааст. Дар умум, ҳолати беҳдорию беҳдоштӣ, зидди сӯхторӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, кабинетҳо, хобгоҳ, ҳуҷраҳои хобгоҳ барои таҳсили донишҷӯён ҷавобгӯ мебошад. Барои гузаронидани машғулият 91 синфхонаи таълимӣ бо 1585  ҷойи нишаст таҷҳизонида шудааст. Барои таъмири бино дар соли 2015 ба маблағи 36 050 сомонӣ аз ҳисоби буҷа ва аз ҳисоби сармоягузорон ба маблагӣ 35 000 сомонӣ харҷ шудааст. Аз ҷумла  роҳравҳои ошёнаи якуми бинои таълимӣ  сафолпӯш карда шуда, девораҳои бинои таълимӣ  аз берун рангу бор карда шуд.  Барои харидори намудани таҷҳизотҳои синфхонаи лингофонӣ  ба маблағи 110 650 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ хароҷот шудааст. Масоҳати умумии коллеҷ  3119 м. кв аз он ҷумла таълимгоҳ 764 м.кв.  бинои хобгоҳ 762 м.кв.  мебошад. Барои таълими тарбияи ҷисмонӣ 1 майдончаи варзишӣ ва зали хурд амал мекунад.

Сохтумони бинои навӣ  муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа”  аз моҳи  июни соли ҷорӣ оғоз гардид.  Сохтумони бинои мазкур  аз ҳисоби  суратҳисоби  махсус бунёд  карда мешавад. Бино бо таҳхона, синфхонаҳо, дар ошёнаи дуюм  толори маҷлисгоҳ  ва дар ошёнаи сеюм  толори варзиши сохта мешавад.

Миқдори синфхонаҳои компютерӣ -3 то

Миқдори компютерҳои корӣ 135 адад

Миқдори принтерҳо  43 адад

Миқдори асбобҳои нусхабардорӣ 4 адад

Мултипроектор 2 адад

Сканер 1 адад

Доскаи электрони 5 адад.

10 компютер ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. 

Дар таълимгоҳ 1 китобхонаи электронӣ ва 1 қироатхона бо 65-ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Дар қироатхона ҳамарӯза то 40-60 нафар донишҷӯён омада, дар толори хониш ба мутолиаи адабиётҳо машғул мешаванд.

Бештари китобҳои таълимии тахассусӣ ҳам дар байни донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон дар гардиш мебошанд, аз он ҷумла китобҳои фанҳои  анатомия, ҷарроҳия, кори ҳамширагӣ, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои занона, момоӣ,  сад дастамали кори ҳамширагӣ, забони лотинӣ, педиатрия, гистология, физиологияи эътидолӣ, бемориҳои амрози даруна, бемориҳои асабу руҳ, гистология ва паталогияи умумӣ ва ғайра. 

Дар китобхона Шӯрои китобхона дар ҳайати  7 нафар ташкил карда шудааст. 

Китобдор  якҷоя бо роҳбарияти коллеҷ  барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзоёни китобхона ва хазинаи китобхона, таъмири китобҳои кӯҳнаву фарсудашуда ва маҳфуздории сифатноки китобҳо мунтазам саъю кӯшиш менамоянд.

Ба ғайр аз бинои таълимӣ дар коллеҷ пойгоҳҳои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ фаъолият менамояд.  Ин пойгоҳҳои таълимӣ дар Марказҳои табобатӣ ва пешгирикунандаи шаҳрию   вилоятии минтақаи  Қӯрғонтеппа ҷойгир мебошанд. Дар ин марказҳо бештар машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни ҳамаи шӯъбаҳо гузаронида мешавад. Дар 2-соли охир миқдори синфхонаҳои таълимӣ дар ин пойгоҳҳои таълимӣ ба 47-то расидааст. Синфхонаҳои таълимӣ дар пойгоҳхои таълимӣ ба тариқи зайл ҷойгир шудааст:

  1. Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Б.Воҳидов 8-то.
  2. Беморхонаи шаҳрӣ 4-то.
  3. Дармонгоҳи кӯдакона 4-то
  4. Маркази соломатии шаҳри Қӯрғонтеппа 4-то
  5. Беморхонаи саратоншиносӣ 3-то
  6. Машваратхонаи занонаи вилояти Хатлон – 4 то
  7. Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон 2-то
  8. Дорухонаи № 4 1-то.
  9. Маркази стансияи «Ёрии таъҷилӣ» 1 то.
  10. Диспансери «Бемориҳои чашм» 1-то
  11. Маркази ташхисию-табобатии «Даво» 3-то
  12. Маркази бемориҳои қалб 4 то.
  13. Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа 2-то
  14. Маркази санитарӣ-эпидемиологии вилоятӣ ва шаҳрӣ 4-то
  15. ҶДММ Хатлонфарматсия 1 то.
  16. ҶДММ Сафар 1 то.

Гузаронида шудани машғулиятҳо дар ин марказҳо аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва  Гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ҳамарӯза санҷида мешаванд. Дар моҳи феврал санҷиши сифати таълими  донишҷӯёни бахши  4-уми шӯъбаи кори умумитиббӣ, ки дар Маркази тибби оилавии шаҳри  Қӯргонтеппа машғулият  мегузаранд  санҷӣда шуд. Машғулиятҳои амалии шӯъбаи кори фармасевтӣ, ки дар дорухонаҳои шаҳри и Қӯрғонтеппа гузашта мешавад, низ санҷида шуд. Натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ҷаласаҳои рӯзи душанбе баррасӣ карда шуд.

 Дар коллеҷ барои шӯъбаи кори дандонсозӣ 2-лаборатория амал мекунад. Аз нимсолаи дуюм  сар карда машғулиятҳои амалӣ барои шӯъбаи кори дандонсозӣ дар ин лабораториҳо гузаронида шуда истодааст. Инчунин дар шӯъбаҳои кори момодоягӣ, умумитиббӣ ва ҳамширагӣ  фанни бемориҳои дандон низ дар ин лабораторияҳо   гузаронида мешавад. Ба донишҷӯён доир ба нозукиҳои  ин фан омӯзгори собиқадор Каримова Ҳ. сабақ медиҳад.

ШАРОИТИ МАНЗИЛИЮ МАИШИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар Коллеҷи тиббӣ хобгоҳ барои донишҷӯдухтароне, ки аз ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд мавҷуд буда, дар он 178  нафар донишҷӯдухтарон истиқомат менамоянд.

         Дар хобгоҳи мазкур шароитҳо барои зисту зиндагониии донишҷӯён хуб муҳайё карда шудааст. Дар хобгоҳ китобхона, қироатхона,  ду хонаи истироҳатӣ, ҳуҷра барои шустушӯ, 3 нуқтаи хӯрокпазӣ мавҷуд аст.  Соли гузашта  ошёнаи якум ва дуюми хобгоҳ пурра аз таъмири хушсифат  бароварда шуд. Ҳолати беҳдории хобгоҳ ҳамарӯза аз ҷониби омӯзгорон навбатдор  назорат карда мешавад.  Ҳафтае як маротиба роҳбарияти коллеҷ  аз хобгоҳ дидан намуда доир ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ  меандешанд.  Ҳар моҳ аз ҷониби  раиси бонувони коллеҷ Тағоева М. , раиси иттифоқи касабаи коллеҷ Алиханова А. ва раиси созмони ҷавонони коллеҷ Ниёзова Х. ҷаласаҳо доир карда шуда дар он нисбати одобу ахлоқи донишҷӯдухтарон, тарзи либоспӯшӣ, самаранок истифода намудан аз вақтҳои холигӣ  сӯҳбатҳо гузаронида шуда истодааст.  Дар санаи 14.03 соли ҷорӣ вохурии навбатии  шахсони дар боло зикргардида бо донишҷӯдухтарон шуда гузашт, ки дар он нисбати либоспӯшии донишҷӯдухтарон, риояи қоидаҳои дохилитаълимгоҳӣ аз ҷониби онҳо гуфта гузаштанд. Барои донишҷӯдухтарони коллеҷ, ки дар хобгоҳ истиқомат менамоянд маҳфилҳои омӯзишии забони англисӣ,   забони давлатӣ ва забони русӣ барои донишҷӯён фаъолият менамояд. Аз ҷониби раиси бонувони коллеҷ маҳфили «Дастони моҳир»  ташкил карда шуда, духтарон ба ғайр аз донишомӯхтан боз ба касбҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва касби бофандагӣ машғул шуда,аз  вақтҳои холигии худ сарфакорона истифода намуда истодаанд.  Аз ҷониби шахсони мутассадӣ  ҳамарӯза  ҳолати беҳдорию  беҳдоштии хобгоҳ, ҳолати ноқилҳои барқӣ санҷида шуда, доир ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.   Дар санаи 19.03.соли ҷорӣ  ҷашни Наврӯзи аҷам аз ҷониби донишҷӯдухтарони хобгоҳ  дар коллеҷ таҷлил карда шуд. Дар моҳи май вохӯрии навбатии донишҷӯдухтарони хобгоҳ бо маъмурияти коллеҷ гузаронида шуд. Аз санаи 25.08 соли 2015 дар хобгоҳи коллеҷ ба донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст таҳсил менамоянд, тақсимоти  ҳуҷраҳо оғоз гардид. Ба ҳамаи донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд рӯйпушҳои нав тақсим карда шуд. Дар санаи 8.09 соли ҷорӣ вохурии донишҷӯдухтарони хобгоҳ бо маъмурияти коллеҷ баргузор гардид. Дар он директори коллеҷ сухан гуфта ҳамаи донишҷӯдухтаронро бо оғози соли нави хониш табрик намуд.

Муовини директор доир ба корҳои тарбиявӣ Воҳидов М.К. раиси бонувони коллеҷ Тағоева М ва раиси созмони ҷавонон Ниёзова Х дар баромади худ доир ба қоидаҳои хобгоҳ ва тоза нигоҳ доштани он, сарфакорона истифода намудани вақтҳои холигӣ бо онҳо сӯҳбат доир намуданд. Ҳафтае як маротиба директори коллеҷ, муовинон ва мудири хоҷагидорӣ аз хобгоҳ дидан намуда, доир ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуда, истодааст.

КИТОБХОНАИ КОЛЛЕҶ

         Дар Коллеҷи тиббӣ ду китобхона амал менамояд. Китобхонаи электронӣ, ки дар ошёнаи якум ҷой гирифтааст дорои 15 адад компютер буда, 6-тои он ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Китобхонаи мазкур аз соли 2012 фаъолият менамояд. Дар компютерҳои китобхонаи электронӣ модулҳои таълимӣ тибқи барномаҳои таълимӣ (барои ҳар шӯъба алоҳида)  ва тамоми маводҳои таълимӣ ҷой дода шудааст, ки аз онҳо омӯзгорон ва донишҷӯён самаранок истифода намуда истодаанд. Аз ҷониби омӯзгорони асосӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  то охири соли хониш барои ҳамаи фанҳои таълимӣ маводҳо омода карда шуда дар китобхонаи электронӣ ҷой дода  шавад.

         Китобхонаи коллеҷ дорои  16  ҳазору 100 адад китобҳо буда, шумораи зиёди онҳоро китобҳои таълимӣ- тахассусӣ – 12 573, фаннӣ- методӣ 800 ва баде ӣ – 1 467, фаннӣ – 800, китобҳои Эмомалӣ Раҳмон – 60 ададро ташкил медиҳад. Дар  нуҳ  моҳи сипаригашта  ба китобхонаи коллеҷ  960 адад китобҳои таълимӣ-тахассусӣ ворид карда шуд. Фаъолияти китобхона тибқи нақшаи кории китобдор ба роҳ монда шудааст. Дар китобхона Шӯрои китобхона амал мекунад, ки 5 нафар аъзо дорад.  Аз ҷониби аъзоёни Шӯрои китобхона  китобҳои фарсудашуда аз нав  таъмир карда шуда,  ҳамаи китобҳо мувофиқи  фанҳо  дар рафҳо гузошта шуданд.  Барои тақсимоти китоб ба донишҷӯён ҷадвал тартиб дода шуда, тақсимот дар шӯъбаҳои коллеҷ мувофиқи ҷадвали тартиб дода шуда ба роҳ монда шудааст. Шумораи аъзоёни китобхона  2 098 нафар буда  ин  95 %-и донишҷӯёнро ташкил медиҳад, ки  назар ба соли гузашта як маротиба зиёд мебошад. Чи хеле ки дар ҳисоботҳои пешина   маълумот дода будем қироатхона бо 65 ҷойи нишаст амал мекунад. Ҳамарӯза дар қироатхона беш аз 45 нафар донишҷӯён аз китобхона китоб гирифта  мутолиа менамоянд.  Нисбати   ҷалби ҷавонон ба китобхона ва  эҳё намудани ҳисси китобхонӣ аз ҷониби омӯзгорон дар машғулиятҳои тарбиявӣ мунтазам сӯхбатҳо  гузаронида  шуда истодааст. 

         Маъмурияти Коллеҷи тиббӣ ба нақша гирифтааст, ки баҳри ғанӣ гардонидани китобхона бо китобҳои таълимӣ-тахассусии бо забони давлатӣ чоп гардида ва китобҳои бадеӣ аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, зина ба зина ворид намудани китобҳоро ба роҳ монад. Аз ҷониби омӯзгорон айни ҳол 2 китоб аз фанни Микробиология ва Услубҳои тадқиқоти клиникӣ-лабораторӣ  ва 18  дастури методӣ омода карда шудааст. Омода намудани дастурҳои методӣ  аз ҷониби омӯзгорони асосӣ идома дорад.

БУНГОҲИ ТИББӢ

         Дар Коллеҷи тиббӣ аз соли 2010 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд.  Аз ҷониби мудири   бунгоҳ ҳамарӯза ҳолати санитарию беҳдории бинои таълимӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ва ошхона санҷида мешавад. Дар бунгоҳ дафтари махсус барои қайди беморон ташкил карда шудааст.  Аз ҷониби мудири бунгоҳ барои донишҷӯёне, ки бемор мешаванд ёрии аввалия расонида шуда, ба дафтари  қайдгирӣ сабт карда мешавад. Чунин дафтар  барои омӯзгорон низ ташкил карда шудаст.  Тибқи нақша дар моҳи апрел ва майи соли ҷорӣ муоинаи тиббии донишҷӯёни бахши якум ва хатмкунандагон гузаронида шуданд.  Муоинаи тиббии донишҷӯён дар Маркази саломатии калонсолони шаҳри  Қӯрғонтеппа гузаронида шуд. Доир ба ҳолати саломатии онҳо дафтарчаи махсуси санитарӣ ташкил карда шуд, ки дар бунгоҳи тиббии коллеҷ нигоҳ дошта мешавад. Бояд қайд кардан лозим аст, ки дар  соли   сипаригашта 124 нафар  донишҷӯён дар дафтари сабти бақайдгирии беморӣ кайд гардидаанд. 

         Барои ҳар як омӯзгори Коллеҷи тиббӣ дафтари санитарӣ ташкил карда шудаст, ки  ҳар сол дар мӯҳлатҳои муқаррарградида онҳо аз назорти духтурон  мегузаранд. Ин дафтари санитарии омӯзгорон ва кормандон дар бунгоҳи тиббӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар моҳи феврали соли  ҷорӣ  санҷиши навбатӣ дар Коллеҷи тиббӣ   аз ҷониби кормандони Маркази  санитарию беҳдоштии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Хадамоти назорати тиббӣ дар вилояти Хатлон   гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботи ба бунгоҳи тиббии коллеҷ асбобҳои тиббӣ аз қабили фонендоскоп, термометер, асбоби тиббӣ барои ченкардани фишори хун маводҳои доруворӣ барои расонидани ёрии аввалаи тиббӣ ворид карда шуд.

5.  ТАЪМИНОТИ  КАДРӢ

Дар коллеҷ  239  нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз ин 106 нафар  омӯзгорони асосӣ, аз он ҷумла 24 нафар омӯзгорон аз ҳисоби ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият менамоянд (133 нафар омӯзгорони  соатбайн).

  • Шумораи умумии омӯзгорон ва кормандони  асосӣ  125- нафар
  • Шумораи умумии омӯзгорон 239  нафар (асоси ва соатбайн)
  • Омӯзгорони асосӣ –  106   (занон 59 нафар) . Аз инҳо: 
  • Аълочиёни маориф  –  3 нафар
  • Аълочии тандурустии ҶТ – 7  нафар
  • Дорандагони Ифтихорномаи  Вазорати тандурустии ҶТ- 5
  • Дорандагони Ифтихорномаи  Вазорати Маорифи ҶТ – 1
  • Дорандагони Медали Шафқат  – 1 нафар
  • Номзадони илмҳои тиб   – 1  нафар
  • Кормандони асосӣ бо маълумоти олиии тиббӣ – 28  нафар
  • Кормандони асосӣ бо маълумоти олиии омӯзгорӣ – 47 нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии олӣ –  37-нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии якум –  13-нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии дуюм – 15- нафар
  • Бе дараҷа – 41  нафар
  • Бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 27 нафар.
  • Бо маълумоти олии нопурра – 3 нафар.
  • Шумораи умумии ба кор қабулшудагон дар соли 2015 –  18  нафар
  • Шумораи умумии аз кор озодшудагон  6 нафар

Омӯзгорони соатбайн- 133  нафар.

  • Аз ин занҳо – 57 нафар
  • Бо маълумоти олии тиббӣ – 106  нафар
  • Бо маълумоти  олии педагогӣ – 16  нафар
  • Бо  маълумоти миёнаи тиббӣ – 11  нафар.
  • Номзадони илмҳои тиб   – 3  нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии олӣ – 71-нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии якум –  29 -нафар
  • Бо  дараҷаи тахассусии дуюм – 17 – нафар
  • Бе дараҷаи тахассуси – 16 нафар

 Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар оғози  соли хониши 2015-2016  дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа  239  нафар омӯзгорон  ба кори таълиму тарбия машғуланд. Аз теъдоди номбурда 106 нафар омӯзгори асосӣ  буда, 133  нафар омӯзгорон ҳамкоранд. Шӯъбаи кадрҳо ва роҳбарияти коллеҷ мунтазам баҳри таҳкимбахшии пояи кадрии таълимгоҳ кор мебарад, аз он ҷумла соли ҷорӣ сардори шӯъбаи кадрҳо 5  маротиба дар ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, ки он аз ҷониби Хадамоти вилоятии шуғли аҳолӣ ва меҳнат  ташкил намуда буд иштирок намуда, якчанд кормандонро  ба кор ҷалб намуд. Аз аввали соли хониши 2015-2016  18 нафар омӯзгорони асосӣ  ба кор қабул карда шуд , ки аз он 15 нафар аз ҳисоби ҷавонон  мебошад.

            Дар соли сипаригашта 24   нафар омӯзгорони асосӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. (дар Донишкадаҳои такмили ихтисос дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон)

  БАНАҚШАГИРӢ  ВА ТАШКИЛИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ

Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо ВТҶТ мувофиқа ва аз ҷониби ВМҶТ соли 2015 ва 2016 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст.    Дар асоси нақшаи раванди таълим ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шудааст, ки он бо иттифоқи касабаи коллеҷ мувофиқа карда шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва машғулиятҳо устуворан тибқи ин ҷадвалҳо сурат мегиранд. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, бахши таълим назорат карда мешавад. Иҷроиши нақшаи раванди таълим низ аз ҷониби бахши таълим ва муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ ва таълими амалӣ мунтазам назорат  карда мешавад.

Аз ҷониби  муовини директор доир ба корҳои таълимӣ ҳафтае ду маротиба  санҷиши давомоти омӯзгорон,  омодагии онҳо  ба машғулиятҳо, мавҷуд будани канспектҳо,  модулҳо, китобҳои таълимӣ, асбобу айёниятҳои таълимӣ, нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, дафтарҳои синфӣ, қайди мавзӯъҳо, мутобиқати онҳо ба барномаи таълими, меъёри баҳогузорӣ ва усули гузаштани  дарсҳо  санҷида шуда, бо роҳи пурсиш   донишандузии донишҷуён доир ба  фаннҳои азхудкардаистода санҷида мешаванд. Диққати махсус доир ба  сарфакорона истифода бурдани вақт аз ҷониби омӯзгорон назорат  бурда мешавад. Дар давраи ҳисоботи  омӯзгорони  фанни химия, биология, биофизика,  забон ва маданияти нутқ, асосҳои информатика, асосҳои кори ҳамширагӣ ва забони англисӣ  санҷида шуданд. Доир ба  камбудиҳои ҷойдошта нисбати беҳтар намудани  азхудкунии фаннҳо аз ҷониби  донишҷуён ба омӯзгорон маслиҳатҳои методӣ дода шуд.  Ба нақша гирифта шуда буд, ки то  охири сол омӯзгорони  фанҳои  тахассуси дар пойгоҳҳои таълимӣ санҷида шавад. Дар моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр машғулиятҳои омӯзгорони фанни кори ҳамширагӣ дар терапия, педиатрия, ҷарроҳия, тиббӣ шарқ, физиалогияи эътидолӣ, бемориҳои чашм, пуст, гушу, гулу, бинӣ, паталогияи умумӣ, кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ва бемориҳои сироятӣ, ки қисме аз гурӯҳхо дарсҳоро дар пойгоҳҳои таълимӣ гузаштанд ва гузашта истодаанд, санҷиш гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш давомоти донишҷӯён дар дарсҳо санҷида шуда, диққати махсус ба омодагии омӯзгор ба дарсҳо ( мавҷудияти конспектҳо, китобҳо ва модулҳои таълимӣ) мутобиқати мавзӯъҳои дарсӣ бо барномаи таълимӣ, меъёри баҳогузорӣ дода шуда, ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои методӣ дода шуд. Аз ҳамаи гурӯҳҳои санҷида шуда, санҷишҳои тесьтӣ гирифта шуда, доир ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронида шуда, дар ҷаласаи рӯзи душанбе баррасӣ карда шуданд.  

Чунин санҷишҳо аз ҷониби директори коллеҷ низ  гузаронида шуда истодааст.

Аз ҷониби  муовини директор доир ба корҳои амалӣ  Давлатов Ш.М.  раванди таълим дар  пойгоҳҳои  таълимӣ низ  гузаронида шуданд.

Санҷиши машғулиятҳое, ки  аз ҷониби  омӯзгорони соатбайн   дар машваратхонаи занона, дармонгоҳи кӯдакона, беморхонаи саратоншиносӣ, беморхонаи клиникии “Даво”, беморхонаи шаҳрӣ, диспансерҳои бемориҳои пӯст ва чашм ва  Маркази  саломатии калонсолони шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида шуда истодааст, аз ҷониби  мудирони шӯъбаҳо ва мудирони кафедраҳо мунтазам  санҷида шуданд.

Дар вақти гузаронидани санҷишҳо диққати махсус ба  омодагии омӯзгорон  ба машғулиятҳо, мавҷуд будани  китобҳо, конспектҳо ва модулҳо дода шуда  эътибори махсус ба риояи сару либоси ягона аз ҷониби донишҷуйн дода шуд.

Доир ба санҷишҳои гузаронида шуда   ахборотҳо омода карда шуда дар ҷаласаҳои рӯзи душанбе ва ҷаласаи назди директор барраси карда шуда натиҷабардори карда шуда истодааст.

Ҳангоми санҷиши машғулиятҳои амалӣ диққати махсус ба он дода шуда истодааст, ки  дониши  амалии  донишҷӯён ва азхудкунии корҳои амалӣ  чи тавр гузаронида мешаванд. Баъди ба итмом расидани   мавзуъҳои  алоҳида аз донишҷуён пурсишҳои тестӣ аз ҷониби гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар коллеҷ  ташкил карда шудааст.  Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби ГИСТ  санҷиши тестии машғулиятӣ  асосҳои кори ҳамширагӣ дар гурӯҳҳои момодоягӣ ва ҳамширагӣ гирифта шуда,  маълумотнома омода карда шуд ва  он  дар Шӯрои илмӣ методӣ, ки охири моҳи октябри соли ҷорӣ шуда мегузарад баррасӣ карда мешавад. Раванди таълиму тарбия дар гурӯҳҳои мақсаднок низ зери назорати маъмурият қарор дршта аз аввали соли хониш то ин ҷониб ҳамаи ноҳияҳо, ки гурӯҳхои мақсаднок фаъолият менамояд санҷида шуданд. Аз ҳамаи гурӯҳҳо доир ба фанҳои аз бар карда шуда, санҷишҳои тестӣ гирифта шуд. Натиҷаҳои санҷишҳо дар Шӯрои омӯзгорон, ки санаи 28.11 соли 2015 шуда гузашт баррасӣ карда шуд. Доир ба камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар  моҳи сентябри соли ҷорӣ  бо омӯзгорони соатбайн  семинар доир ба  дуруст қайд кардани мавзӯҳои дарсӣ, мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ ва  меъёри баҳогузорӣ аз ҷониби методист гузаронида шуд. Ба нақша гирифта шуд, ки чунин семинари омӯзиши дар моҳи январ гузаронида шавад.Санҷиши раванди таълим дар гурӯҳҳои амалкунанда тибқи нақша идома дорад.

Теъдоди донишҷӯён дар аввали соли хониши 2015-2016 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии

шаҳри Қӯрғонтеппа».

Ҳамагӣ  донишҷуён  3765  нафар аз инҳо  2672  нафар духтарон ва 1093  нафар писарон буда, дар гурӯҳҳои буҷавӣ 2439 нафар ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 1326  нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ҷумла дар  шӯъбаи рӯзона  дар коллеҷ теъдоди донишҷӯён 2212 нафар (духтарон  1480, писарон 732 )  буда, дар шӯъбаи шабона шумораи донишҷӯён 264 нафар (духтарон 120 нафар  ва писарон 144 нафар ) – ро ташкил медиҳад.   Аз ин дар гурӯҳҳои  мақсаднок (12 ноҳия) теъдоди донишҷуён 1289 нафар буда, аз инҳо духтарон 1072 нафарро ташкил медиҳад .

Теъдоди донишҷуён доир ба  ихтиссосҳо,шӯъбаҳо,

курсҳо.(буҷавӣ, шартномавӣ)

1.Шӯъбаи кори умумитибӣ: Ҳамагӣ: – 789 нафар  (духтарон 396 , писарон 393  н.) дар гурӯҳҳои буҷавӣ  577 нафар, ( духтар 305 н. писар 272 н.) ва дар гурӯӯҳои шартномавӣ 212 нафар (духтар 91, писар 121н.) таҳсил менамоянд.

         Дар бахши якум ҳамагӣ 12 гурӯҳ, 9- гурӯҳ (буҷҷавӣ) 3- гурӯҳ (шартномавӣ)

Бахши якум : ҳамагӣ: – 179 нафар (духтарон : – 113 н. писарон 66 н.)

Буҷавӣ : – 141 нафар. (духтарон 91, писарон 50 н.)                  

 Шартномавӣ : – 38 нафар.(д. 22н.п 16 н.)

         Бахши дуюм: ҳамагӣ : 13 гуруҳ. 10 гурӯҳ (буҷҷавӣ) 3 гурӯҳ (шартномавӣ).

 Ҳамагӣ: – 219 н. ( д.90 н. писар 129 н.) аз инҳо :

 буҷавӣ : – 149 нафар . (д. 72 н. п 77 н.)

шартномавӣ : – 70 нафар. (д 18 н. п. 52 н)

Бахши сеюм: ҳамагӣ : 13 гуруҳ. 10 гурӯҳ (буҷҷавӣ) 3 гурӯҳ (шартномавӣ).

 Ҳамагӣ: – 238 нафар. (д. 133, п.105).аз инҳо:

Буҷавӣ : – 185 нафар. (д.99, п 86).

Шартномавӣ : – 53 нафар.(д 34, п 19)

 Бахши чорум: ҳамагӣ : 10 гуруҳ. 7 гурӯҳ (буҷҷавӣ) 3 гурӯҳ (шартномавӣ).

 Ҳамагӣ: – 153 нафар ( д 60, п 93) аз инҳо:

Буҷавӣ : – 102 нафар.(д 43, п. 59)

Шартномавӣ : – 51 нафар.(д17, п 34)

  1. Шӯъбаи кори момодоягӣ:Ҳамагӣ донишҷӯён 687 нафар  духтар 685 нафар, писарон 2 нафар.  Аз инҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ 493 нафар ва дар гурӯҳҳои шартнромавӣ 194 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Бахши якум: ҳамагӣ : 11 гурӯҳ. 9 гурӯҳи буҷчавӣ – 2 гурӯҳ шартномавӣ.

Ҳамагӣ: 160 нафар. (д 158, п 2 н).

Буҷавӣ 132 нафар – (130 нафар духтар, 2 писар.)

Ш артномавӣ 28 нафар

Бахши дуюм: ҳамагӣ : 11 гурӯҳ. 9 гурӯҳи буҷавӣ – 2 гурӯҳ шартномавӣ.

Ҳамагӣ: 186 нафар.(духтарон)

Буҷавӣ  139 нафар   

Шартномавӣ  47 нафар  

Бахши сеюм: ҳамагӣ : 11 гурӯҳ. 8 гурӯҳи буҷчавӣ – 3 гурӯҳ шартномавӣ.

Ҳамагӣ: 184 нафар.( духтарон )

Буҷавӣ  131 нафар  

Шартномавӣ 53 нафар .

Бахши чорум: ҳамагӣ : 10 гурӯҳ. 6 гурӯҳи буҷчавӣ – 4 гурӯҳ шартномавӣ.

Ҳамагӣ: 157 нафар.(духтарон).

Буҷавӣ  91 нафар

Шартномавӣ 66 нафар  

 3. Шӯъбаи кори ҳамширагӣ: ҳамагӣ 301 нафар. (духтарон 290, писарон 11  нафар). Дар гурӯҳҳои буҷавӣ 285 ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 16 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Бахши якум: ҳамагӣ 6 гурӯҳ (буҷавӣ)   теъдод   ҳамагӣ -87 нафар. (д 78, п 9).

         Бахши дуюм:  ҳамагӣ  6 гурӯҳ (буҷавӣ) теъдод  ҳамагӣ 102 нафар. (духтар 102). Дар гурӯҳи шартномавӣ 9 нафар (духтар).

Бахши сеюм : ҳамагӣ 6 гурӯҳ (буҷавӣ ) теъдод 112 нафар.(д.110, п 2). Дар гурӯҳҳои шартномавӣ 7 нафар (духтар).

3. Шӯъбаи кори лабораторӣ: ҳамагӣ 51 нафар   (д 16, п 35 нафар).дар гурӯҳҳои буҷавӣ 48 нафар (  16 духтар, писар 32 ), шартномавӣ 3 нафар        (д-1, п-2).

Бахши якум : ҳамагӣ 13 нафар. ( д 6, п7).

 Бахши дуюм: – 20 нафар.(д 3, п 17 н.)Аз ин буҷавӣ 17 нафар  (духтар -2, писар 15),  шартномавӣ 3 нафар (1 д+2 п).

         Бахши сеюм : -ҳамагӣ:  18 нафар.(духтар 8 нафар, писар 10 нафар).

 4.Шӯъбаи кори беҳдоштӣ. Ҳамагӣ 92  нафар. (духтар 28, писар 64 нафар).

Бахша якум:   ҳамагӣ 28 нафар.(д 9, п 19 ).

         Бахши дуюм :   ҳамагӣ 32 нафар.(духтар 7 нафар, писар 25 нафар). Буҷавӣ 29 нафар (духтар 6 нафар, писар 23 нафар.)

Шартномавӣ: 3 то  (духтар  1,   писар 2 нафар.)

Бахши сеюм :    ҳамагӣ 30 нафар. (духтар 11 писар 19 нафар).

 5.Шӯъбаи кори дорӯсозӣ: ҳамагӣ 204 нафар (шартномавӣ).(д 64, п 140 ).

Бахши якум:    ҳамагӣ : 57 нафар.(духтар 16, писар 41  нафар).

Бахши дуюм:   68 нафар ҳамагӣ  .(духтар 23, писар 45 ).

Бахши сеюм:   79 нафар.(духтар 25, писар 54).

 6.Шӯъбаи кори дандонсозӣ: ҳамагӣ 88 нафар. (д 2, п. 86). (шартномавӣ)

Бахши якум:    25 нафар  писарон

         Бахши дуюм:    32 нафар.(писарон).

Бахши сеюм:   31 нафар. (духтар 2 ,писар 29 нафар).  

 7.Шӯъбаи шабона: ҳамагӣ 264 нафар. (шартномавӣ) духтарон -120 ,             писарон – 144).

Бахши якум. 2 гурӯҳ.

Шӯъбаи кори ҳамширагӣ 12 нафар (д 9, п 3)н.

Шӯъбаи кори фарматсевтӣ 19 нафар (д 7, п 12) н.

Бахши дуюм: кори ҳамширагӣ 66 нафар. ( д 55, п 11) н.

Кори фарматсевтӣ: 69 нафар (д 6. п 63) н.

Бахши сеюм: кори ҳамширагӣ 49 нафар (д 43, п 6) н.

Кори фарматсевтӣ 49 нафар. (писарон).

ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ГУРӮҲҲОИ МАҚСАДНОК.

(12 ноҳия)

Дар гурӯҳҳои мақсаднок ҳамагӣ: 1289  нафар (духтарон 1072, писарон  217 нафар) донишҷӯён таҳсил менамоянд. дар гурӯҳҳои буҷҷавӣ – ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ – нафар.

  1. ш. Сабанд. Ҳамагӣ: 99 нафар (духтарон 90  н, писарон 9). Аз ҷумла дар гурӯҳҳои шартномавӣ 22 нафар (д.21. п-1 н.)

Бахши 1-ум 36 нафар (д. 29 п, 7). Аз ҷумла дар гуруҳҳои буҷавӣ 30 (духтар 24, писар 6 ). шартномавӣ 6 (д 5 +п 1)

Бахши 2-юм 30 нафар (д -28 п -2.)

Бахши 3-юм 33 нафар (д -33). Аз ҷумла буҷавӣ 17 нафар(д), 16 н. шартномавӣ (д).

  1. ноҳияи Бохтар. Ҳамагӣ 53 нафар (духтарон 50,  писарон  3 нафар). Аз ҷумла шартномавӣ 3 нафар  (д.)

Бахши 1-ум  – 18 нафар (д -15 п -3). Аз ҷумла буҷавӣ 15 нафар  (д.12, писар 3 н.) ва шартномавӣ  3 нафар (д )

Бахши 2-юм –  19  нафар (д)

Бахши  3- юм 16 нафар (д).

 3.     ноҳияи Вахш. Ҳамагӣ:  107  нафар (духтарон  95  нафар, писарон 12 нафар). Аз ҷумла дар гурӯҳҳои буҷавӣ  82 (д.-74, п-8) ва  шартномавӣ 25 нафар. (д -21 п 4).

Бахши 1-ум – 35 нафар (духтарон 30, писарон 5 нафар) аз ин буҷавӣ 30 нафар (д.25, п.5 ) ва ш-вӣ 5  (д)

             Бахши 2-юм – 33 нафар (духтарон 30 нафар, писарон 3 нафар).

            Бахши 3-юм -39 нафар(д -35 п -4). Аз ҷумла буҷавӣ 19 нафар (д) ва  шартномавӣ 20 нафар (д -16 п -4).

 4.      н.Ҷ.Румӣ. Ҳамагӣ: 136 нафар (духтарон 121 нафар, писарон 15 нафар) аз ҷумла буҷави 98  нафар (д.90 нафар п. 8 нафар )

Бахши 1-ум. Ҳамагӣ: 51 нафар (духтарон 40 нафар, писарон 11). Аз ҷумла буҷавӣ 30 (д.25, п-5),  шартномавӣ -21 нафар (д-15 п -6).

Бахши 2-юм. Ҳамагӣ: 51 нафар (духтарон 48, писарон 3 нафар). Аз ҷумла  буҷави 34 нафар (д. 32,п.-2), шартномавӣ – 17 нафар (духтарон 16, писарон 1 нафар).

Бахши 3-юм – 34 нафар ( д -33 п – 1).

 5.     н.Қумсангир. Ҳамагӣ 171 нафар (духтарон 101, писарон 70 нафар). Аз ҷумла бучави 103 нафар (д.73 н., п. 30 нафар) ва  шартномавӣ 68 н. (д -28 п -40).

Бахши 1-ум . Ҳамагӣ: 61 нафар (духтарон 37, писарон 24 нафар).. аз ин бучавӣ 30 нафар, (д.22., п.8)   шартномавӣ 31 н. (д -15 п 16).

Бахши 2-юм -57 н.(д -34 п  -23). Аз ин бучави 37 нафар (д. 25, п. 12), ва  шартномавӣ 20 нафар (духтарон -9 нафар, писарон 11).

Бахши 3-юм. Ҳамагӣ : 53 нафар (духтарон 30, писарон 23 нафар). Аз ин   бучави 36 нафар (д.26, п-10),  шартномавӣ 17 (духтарон 4, писарон 13 нафар).

 6.     н.Панҷ . Ҳамагӣ:  163 нафар (духтарон  154, писарон 9 нафар). Аз ҷумла буҷавӣ 136 нафар (127 д., 9 п.), шартномавӣ 27 нафар (д).

 Бахши 1-ум 51 нафар (духтар 46, писарон 5 нафар) Аз ин 45 нафар бучавӣ  (д. 40, п.5)  ва  ш-ви (6 д.)

         Бахши 2-юм 53 нафар (духтарон 51, писарон 2 нафар).

     Бахши 3-юм -59 нафар (д -57 п 2). Аз ин бучавӣ 38 нафар (д.36, п.2) ва  шартномавӣ: 21 (духтарон ).

 7.     н.Ҷиликул.Ҳамагӣ: 67(духтарон 56, писарон 11).

Бахши 1-ум  32 нафар (д -21 п-11)А. ин буҷавӣ 65 (д. 54, п.11)  ва  ш –вӣ (2 д)

Бахши 2-юм 18 нафар (духтарон).

Бахши 3-юм -17 нафар (духтарон).

 8.     н.Шаҳритус. Ҳамагӣ: 151(духтарон 123, писарон 28). Аз ҷумла буҷавӣ 96 нафар (д. 79, п. 17 .) ва шартномавӣ – 55 (д -44,  п -11).

Бахши 1-ум 49 нафар (духтарон 35, писарон 14). Аз ин буҷавӣ 45 нафар (д. 33, п.12) ва  ш-вӣ 4 ( д 2 + п 2) 

Бахши 2-юм 52 (д -43 п -9). Аз ин буҷавӣ  34 нафа (д.29 нафар, п.5) ва  шартномавӣ  18 (духтарон 14  писарон -4 нафар) .

Бахши 3-юм -50 (д 45 п -5). Аз ин бучавӣ 17 нафар (д. 17, ) шартномавӣ -33 (д 28 п -5).

 н.Носири Хисрав . Ҳамагӣ:  46 нафар (духтарон 43 писарон 3 нафар).

Бахши 1-ум 15 нафар ( духтарон 13 писарон – 2 нафар ).

Бахши 2-юм 16 нафар ( духтарон ).

Бахши 3-юм -15 нафар (д-14 п -1).

 н.А.Ҷомӣ .Хамагӣ:  113 нафар  (духтарон 93  писарон 20 нафар ). Аз ҷумла буҷавӣ 93 нафар (д.75,п. 18 ) ва  шартномавӣ 20 (д 18 п -2).

Бахши 1-ум.  Хамагӣ : 33 (духтарон 22 ,писарон 11) аз ин буҷавӣ 30 (д.19, п.11)  ва  ш-вӣ 3 (д)

         Бахши 2-юм -30 (д -27 п -3).

Бахши 3-юм. 50 нафар (духтарон 44, писарон 6) . аз ин буҷави 33 нафар (д. 29, п. 4)  ва  шартномавӣ 17 нафар (духтарон 15, писарон 2)

 11.н.Хуросон. Ҳамагӣ 119 (духтарон 88 , писарон 31 ). Аз ҷумла буҷавӣ   66 нафар (д. 50, п.-16)  ва  шартномавӣ 53 (д -38 п -15).

Бахши 1-ум 48 нафар (духтарон 34, писарон 14). Аз ин буҷавӣ 30 нафар (д.21 п.9 )  ва  шартномавӣ 18 (духтарон 13, писарон 5)

Бахши 2-юм  35 нафар  (духтарон 24, писарон 11). Аз ин буҷавӣ 18 нафар (д 15, п.3)   ва  шартномавӣ 17 (духтарон 9, писарон 8).

         Бахши 3-юм    36 (духтарон 30, писарон 6). Аз ин буҷавӣ 18 нафар (д. 14, п.4 )  ва  шартномавӣ 18 (духтарон 16, писарон 2).

  1. 12. н.Қубодиён: Ҳамагӣ  64 (духтарон 58 , писарон 6). Аз ҷумла буҷавӣ 30 нафар (д. 27, п. 3)  ва шартномавӣ 34 (д -31 п -3).

Бахши 1-ум 34 нафар (духтарон 31, писарон 3) Аз мн буҷавӣ 30 н. (д. 27, п.3.)  ва ш-вӣ 4 (д.)   

Бахши 2-юм 30 (духтарон 27, писарон 3)  – шартномавӣ.

НАЗОРАТИ ДОХИЛИ ТАЪЛИМГОҲӢ

Назорати дохилитаълимгоҳӣ  яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти таълимгоҳ, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба шумор меравад.

Баҳри амалисозии назорати дохилитаълимгоҳӣ дар коллеҷ комиссияи назорати дохилитаълимгоҳӣ дар ҳайати  7 нафар, бо фармоиши директор таъсис дода шудааст. 

  ҳайати комиссияи назорати дохилитаълимгоҳӣ:

Умарова З.Ҳ. – муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, раиси комиссия,

Аъзоёни комиссия:

Алиев С. –методисти коллеҷ,

Давлатов Ш.М. –  муовини директор оид ба таълими амалӣ,

Воҳидов М. –  муовини директор оид ба тарбия.

Алихонова А. – раиси иттифоқи касабаи коллеҷ.

Мусоев М. – Нозири сифати таълим.

Саломова Ч.К. – мудири шӯъбаи “Кори умумитиббӣ”

Фаъолияти комиссияи назорати дохилитаълимгоҳӣ дар асоси нақшаи ягонаи таълиму тарбияи коллеҷ ва бахши назорати дохилитаълимгоҳӣ сурат мегирад. Натиҷаи санҷишҳо ва кори комиссияи дохилитаълимгоҳӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои омӯзгорон соле ду маротиба   баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда мешаванд.

Дар коллеҷи тиббӣ  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2007 № 105 “Дар бораи таъсиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳҳаи маориф”, дар асосӣ фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.с.2007 № 330 “Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гурӯҳҳои назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2007 дар коллеҷ нозири сифати таълим фаъолият мекунад. Фаъолияти кори нозири сифати таълим дар асосӣ Низомномаи  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Доир ба фаъолияти ГИСТ роҳбари гурӯҳ дар як сол  ду маротиба  ҳисоботҳоро  омода намуда ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

ЧОРАБИНИҲОИТАРБИЯВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ  ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Чорабиниҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Вазорати тандурустии   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2008, № 512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда шуда аст.

      Чорабиниҳои тарбиявӣ дар коллеҷ дар асоси нақшаи ягонаи чорабиниҳои тарбиявӣ, ки дар иттиҳодияи методии роҳбарони гурӯҳ муҳокима ва ба тасдиқ пешниҳод шудааст, гузаронида мешавад. Нақшаи мазкур дар асоси «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия  шудааст ва ҳама паҳлуҳои тарбияро дар гурӯҳ ба инобат гирифтааст. Аз рӯи  ҷадвали  махсус  тартибдодашуда  аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳо машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Ташкили ҷараёни таҷрибаомӯзӣ. Таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи «Таълими амалӣ», ки онро Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.04.2009с.№253 тасдиқ намудааст гузаронида мешавад. Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳаи қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ  ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ – табобатӣ, дармонхонаҳо, иҷроъгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо сурат мегирад.Таълими амалӣ дар зиёда аз 50 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва вилоятӣ гузаронида мешавад.Таълими амалӣ аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 6 ададро ташкил медиҳад, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешавад. Шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ зиёда аз 30 ададро ташкил медиҳад, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.                                                                                   

           Таълими амалии донишҷӯён аз ҷониби бахши таълим, бахши таълими амалӣ, маъмурият мунтазам зери назорат қарор дорад.Масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯроҳои илмӣ – методӣ ва илмӣ- педагогӣ, ҷаласаҳои машваратии назди директор ва муовинони директор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад.Соли ҷорӣ масъалаи мазкур 2 маротиба баргузор гардид, ки дар ин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳокима карда шуданд ва нисбати беҳтарсозии ин бахши муҳими таълим қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда шуданд.                                                                                                                                                   

Натиҷаи таҷрибаомӯзиҳоТаҷрибаомӯзиҳо дар тамоми муассисаҳои тиббӣ – профилактикӣ ва фарматсевтии вилоятӣ ва шаҳрӣ инчунин заминаҳои таълимии Коллеҷ дар асоси шартномаи дутарафа гузаронида мешаванд. Аз ин ҷумла Беморхонаи клиникии Вилояти Хатлон  ба номи Б.Воҳидов, беморхонаи шаҳрии ш.Қӯрuонтеппа, Маркази саломатии калонсолон ва кӯдакон, Маркази саломатии репродуктивӣ, Маркази вилоятии бемориҳои чашм ва саратоншиносӣ, Маркази хуни вилоят, Маркази бемории қанд ва uадудҳои даруна, Маркази назорати давлати  санитари ва эпидемиологии шаҳр ва вилоят, Маркази ёрии таъҷилӣ, «Хатлонфарматсия», Маркази  вилоятии даҳонпизишки, ҳуҷраҳои даҳонпизишкии шаҳр, Маркази тарбияи ҷисмони, Маркази вилояти бемориҳои қалб, беморхонаҳои хусусии «Даво» ва «Тибби Хатлон», инчунин дар  мавриди зарурият дар беморхонаҳои ноҳиявӣ ва деҳотии ҷойи истиқомати донишҷӯён ва u, гузаронида мешаванд, ки шумораи умумии онҳо зиёда аз 67 ададро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст.                                                                                                              

Таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ – истеҳсолӣ (ТТИ) зинаи дуюми таълими амалӣ ба ҳисоб рафта, барои бо сифати баланд тайёр намудани мутахассисони соҳа нақши ниҳоят муҳим дорад.Дар соли  таҳсил чунин намудҳои таҷрибаомӯзиро гузаронида шуд.*Таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар бахшҳои 2-уми «Кори умумитиббӣ»,»Кори  момодоягӣ» ва бахши 3-юми «Кори ҳамширагӣ» аз 29.12.2015с. то 4.01.2016с гузаронида  мешавад.                                                                               

            *Таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолӣ дар курси 4-уми «Кори дандонсозӣ», ки аз 22.12.2015с то 11.01.2016с, аз рӯи барнома «Оиди сохтани протезҳои бюгелӣ ва ҷоuу рӯйи» дар Маркази даҳонпизишки вилоят ва дигар ҳуҷраҳои даҳонпизишки шаҳр гузаронида шуданд. *Дар курсҳои 1-уми ихтисосҳои «Кори умумитиббӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори ҳамширагӣ»,  ТТИ-ро дар мудати 2- ҳафта – аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ ва техникаи дастамалӣ»  аз 1.06.15с то 14.06.15с,дар муассисаҳои тиббии вилоятӣ ва шарӣ гузаронида шуд.                     

           *Донишҷӯёни бахши 2-уми «Кори лабораторӣ» ва «Кори беҳдоштӣ» аз 1.06.15 то 14.06 15с. барои таҷрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсоли равон карда шуданд.

            *Аз1.06.16с то 14.06.16с, донишҷӯёни курси 1- уми «Кори дандонсозӣ» ва аз 8.06.16с. то21.06.16с. донишҷӯёни курси 2-юми «Кори дандонсозӣ» дар дармонгоҳҳои даҳонпизишкии шаҳри ва ноҳиявии ҷойҳои истиқомати худ аз таҷрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсолӣ гузаштанд.*Донишҷӯёни курси 1-уми «Кори дорусозӣ»аз 15.06.16с. то 28.06.16с. аз фанни «Ботаника» ва курси 2- юми ихтисоси «Кори дорусозӣ» аз 22.06.16с. то 05. 07. 16с. аз фанни «Фармакогнозия» аз  ТТИ гузаштанд. * Донишҷӯёни бахши 2-уми  «Кори лабораторӣ» аз 1.06.16с. то 14.06.16с. аз ТТИ гузаштанд.                                                                                                                     

            *Донишҷӯёни бахши 3-юми «Кори лабораторӣ» аз 8.06.16с. то 21.06.16 ТТИ гузаштанд.

            * Аз 17.11.16с. то 28.12.16с. ТТИ дар курси 4-юми ихтисоси «Кори лабораторӣ» оид ба «Кор дар лабораторияҳои клиникӣ, микробиология  ва  санитарӣ ва беҳдоштӣ» гузашта истодаанд.

             *Донишҷӯёни бахши сеюми кори беҳдоштӣ аз 8.06.16.то 21.06.15 барои таҷрибаомӯзи таълими- истеҳсоли равон карда шуд.*Аз 01.12.16с. то 28.12.16. ТТИ дар курси 4-юми ихтисоси «Кори тиббӣ – профилактикӣ» таҷрибаомӯзиро оид ба «Ёрдамчии духтури санитарӣ ва эпидемиолог» ва «Кор дар стансияи гандзидои» гузашта истодаанд.*Аз 8.12.15с. то 04.01.2016 сол дар курси 4-уми ихтисоси «КУТ» аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ва «Кор бо оилаҳо ТТИ гузаронида мешавад.                                                                                                              

           *Курсҳои 2-юми ихтисосҳои «КУТ», «КМД», ва 3-юми «Кори ҳамширагӣ« аз 8.06.16с.то 21.06.16с. аз ТТИ дар заминаи муассисаҳои табобатии шаҳр  ва  вилоят  гузаштанд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯён дар ин марҳилаи таҷрибаомӯзиҳо донишҳо ва малакаву маҳорати касбии бадастовардаро мустаҳкам менамоянд. Таҷрибаомӯзиҳо дар зери роҳбарии умумӣ, методӣ, ва бевосита гузаронида шуда, дар ин маврид онҳо ба корҳои ба сомон расонидашуда, дастамалҳои иҷрокардашуда рӯзнома пур мекунанд ва дар охири ТТИ ҳисоботи оморӣ ва хаттӣ месупоранд ва танҳо пас аз ин ба имтиҳонҳои ҷорӣ роҳ дода мешаванд. Роҳбарони методӣ оид ба ТТИ ба бахши таълими амалӣ ҳисобот месупоранд, ки дар он ҷиҳати мусбат ва манфии ТТИ- ро қайд менамоянд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ТТИ-ро ба бахши таълими амалӣ месупоранд.                                                            

Таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ (ТҚД). Таҷрибаомӯзиҳои қаблидипломӣ, ки дар муассисаҳои муолиҷавӣ- профилактикӣ, дорухонаҳо ва лабораторияҳо вобаста бо фанҳои ихтисосӣ гузаронида мешаванд, марҳилаи охирини таълими амалӣ ба шумор рафта, дар боз ҳам ташаккул ёфтан ва соҳиб гардидан ба малакаҳои касбӣ нақши муҳим дорад.                                                                                                              

           Қабл аз таҷрибаомӯзиҳо бо донишҷӯён, роҳбарони бевосита, методӣ ва умумӣ аз ҷониби бахши таълими амалӣ дастурдиҳиҳо оид ба ташкил, гузаронидан ва гузаштани таҷрибаомӯзиҳо, ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзиҳо, ҷамъбасти таҷрибаомӯзиҳо гузаронида шуданд.Таҷрибаомӯзиҳои қаблидипломии дар муассисаҳои тиббӣ – профилактикӣ, фарматсевтӣ дар мӯҳлатҳои зерин ва сатҳи хуб ба анҷом расонида мешавад.

         * Ихтисоси «Кори лабораторӣ», аз 06.04.16с. то 07. 06.16с.                         

         * Ихтисоси «Кори дандонсозӣ»,  аз 13.04.16с. то 07.06.15с.                           

         *Ихтисоси  «Кори беҳдоштиӣ», аз 13.04.16. то 7.06.16сол.                              

         *Ихтисоси «Кори фарматсевтӣ», аз 13.04.16. то 7.06.16с.                    

         *Ихтисосҳои «Кори умумитиббӣ», «Кори момодоягӣ».(курси 4) аз

           20.04.16с. то 14.06.16с.                                                                              

        *Ихтисосҳои «Кори момодоягӣ», «Кори умумитиббӣ»,»Кори ҳамширагӣ» (курси 3) аз 13.04.16.то 07.06.16с.  Қайд намудан бисёр бамаврид, аст ки чунин намуди таҷрибаомӯзиҳо хело ҳам самаранок буда, дар оянда барои боз ҳам бештар намудани онҳо кӯшиш намудан лозим аст, чунки дар ин таҷрибаомӯзиҳо донишҷӯён бевосита дар як ҷойи корӣ, аз як намуди таҷрибаомӯзӣ мегузаранд ва дар он малакаву маҳоратҳои хуби касби пайдо менамоянд.       Таҷрибаомӯзиҳо аз ҷониби маъмурият, бахши таълим ва таълими амалӣ мунтазам назорат карда шуда, сатҳ ва сифати онҳо мунтазам санҷида шуда, ба роҳбарони бевосита ёри амаливу методӣ оид ба таҷрибаомӯзиҳо расонида мешуданд.Дар охири таҷрибаомӯзиҳо донишҷӯён рӯзномаи таҷрибаомӯзиҳое, ки гузаштанд пур карда, ҳисобот ва тавсифномаи аз ҷониби роҳбарони таҷрибаомӯзиҳо гирифтаи худро ба бахши таълими амалӣ месупоранд ва ба комиссияи махсусе, ки бо фармони директор таъсис дода шудааст, санҷиши тафриқавӣ аз таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ, оид ба малакаву маҳорати касбӣ ва дастамалҳоро месупоранд.