Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо ҳузури васеъи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ сурат гирифт.
Мусоев Иброҳим директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар назди хабарнигорон, оид ба фаъолияти коллеҷ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 ахборот дода аз ҷумла изҳор дошт, ки коллеҷ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурусти ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақшаҳои таълмӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо, колеҷи тиббии Ҷумҳуривии назди Вазорти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар факултетхои Кори табобатӣ, Кори момодоягӣ, Кори ҳамширагӣ, Кори фармасевтӣ амал намуда аз 8-кафедра иборат аст, ки бо фарохам овардани шароитҳи муосири таълиму касбомузи дар пешбурду босиффат гуаштани раванди дарсҳо мусоидат менамод.
Мусоев Иброҳим, директори колеҷ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар гардид, ки аз 254 нафар омӯзгор 144 нафараш омӯзгори асосӣ буда 40 нафарашон омӯзгорони фанҳои тахассусӣ аз ҳисоби табибон мебошанд, инчунин 12 нафар кормандони миёнаи тиб низ ба фаъолият ҷалб гардидаанд. 42 нафар бо тахассуси олӣ, 33 нафар бо тахассуси дараҷаи якум, 26 нафар бо дараҷаи тахассусӣ дуюм ва 8 нафар таҳсили худро дар донишкадаҳои олӣ идомаи дода истодаанд.
Аз ҳисоби омӯзгорон 1 нафар номзади илми тиб, 5 нафар ҷӯяндаи рисолати номзадӣ, 7-нафар омӯзгорони асосӣ аълочии соҳаи тандурустӣ ва 6-нафар дигар бошад аълочии соҳаи маориф ва илми мамлакатро доро ҳастанд.
Дар Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар 3655 нафар ҷавонон ба касбомузи ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 2874 нафарашон духтарон ва 871 нафарашон писарон мебошанд.
Донишҷӯёни колеҷ аз ҳама шаҳру навоҳии кишвар буда, муассиса эҳтиёҷмандонро бо хобгоҳ таъмин менамояд. Дар гурӯҳҳои буҷавӣ 1976 ва дар гӯруҳҳои шартномавӣ 1679 нафар таҳсили намуда истоданд. Аз ҷумла дар колеҷ 282 нафар ва дар гӯруҳҳои мақсаднок 763 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки имсол колеҷи тиббиро 1322-нафар хатм намудаанд, ки 37 нафарашон соҳиби дипломи аъло мебошанд.
Донишҷуёни ин даргоҳ дар 6-моҳаи аввали соли ҷори дар як чанд мусобиқаҳои ҷумҳурияви, вилояти ва шаҳри иштирок намуда соҳиби ҷойҳои хуб низ гаштанд. Дар давраи ҳисоботи аз суратҳисоби худи колеҷ ба маблағи 37 ҳазору 515 сомонӣ 1723 адад китобҳои таълимӣ ва тахассуси харидори гардида ба истифода донишҷуён дода шуд.
Роҳбарияти Колеҷи тибби шаҳри Бохтар аз ҳама имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, кӯшиш доранд то донишҷуён дар руҳияи баланди ифтихор аз Ватандори таҳсил карда мухатассисони арзандаи соҳаи тандурустӣ ба халқу миллат содиқона хизмати хуби тиббӣ расонанд.
Аз рӯи тартиби баргузории нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи маҳалли ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ вобаста паҳлуҳои дигари фаъолияти ин муассисаи таълимӣ суъолҳои пешниҳод карда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Зимни нишасти матбуотӣ ва натиҷаи суолу посухо маълум гардид, ки масъулини Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар сол аз сол бо назардошти пешрафти илму техника талош ба он менамоянд, ки раванди таълиму касбомузиро ҷавобгу ба талаботи замон ба роҳ монда мутаҳассисони миёнаи тибро мутобиқи бозори меҳнат омода намоянд.
Дар ин ҷода баробари муҷаҳазгардонии синфҳонаҳои дарси ва лабараторияву дигар утоқҳои фаннӣ бо дастгоҳу айёниятҳои замонавии касбомӯзӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ҳамзамон марҳилаи таҷрибаомузии донишҷуёнро дар муассисаҳои тиббии шаҳр роҳандози кардардаанд, ки ин барои омодагардидани кормандони хуби соҳа мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки имрӯз аҳли омӯзгорону масъулин барои оғози соли нави хониш омодаги дида муассисаро барои қабули донишҷӯён омода намуда истоданд.
Далер Шарипов
котиби матбуотии колеҷи тибби шаҳри Бохтар