Идоракунии Коллеҷ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи коллеҷ сурат мегирад.
Идоракунии умумии Коллеҷ аз тарафи Шӯрои илмӣ-педагогӣ (органи олии худидоракунӣ) ба роҳ монда шуда роҳбарии онро директори Коллеҷ ба ӯҳда дорад.
Вобаста ба миқдори донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар Коллеҷ, дар ҷадвали воҳидҳои кории он, ки Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, вазифаҳои зерин пешбинӣ карда шудааст: муовини директори Коллеҷи тиббӣ оид ба: корҳои таълимии Коллеҷ, таълимӣ амалӣ, тарбиявӣ; сармуҳосиб, ёрдамчии сармуҳосиб, мудирони шӯъбаҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбари гурӯҳҳои мақсаднок, методист, роҳбари тарбияи ҷисмонӣ, сардори шӯъбаи кадрҳо, китобдор ва хазинадор.