Фаолияти кафедраҳо

Бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, азхудкунӣ, маълакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ буда, дар Коллеҷи тиббӣ аз соли 2007 тарзи кафедравии таълим ташкил кард ашудааст. Дар таълимгоҳ айни ҳол 10 кафедра фаъолият дорад.

Кафедраи ҷарроҳия.  Дар кафедра  13 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки 8 нафари онҳо омӯзгорони асосӣ мебошанд. Дар кафедра маҳфилҳо доир ба фанни ҷарроҳия аз ҷониби мудири кафедра Қаландаров А. ташкил карда шудааст, ки ҳафтае 2 маротиба  гузаронида мешавад.  Дар кафедра китобхонаи хурд ташкил карда  шуд.  Овезаҳо доир ба фанни ҷарроҳия ва ёрии аввалия  аз нав таҳия карда шуд. Аз ҷониби омӯзгорон  дар моҳи январ дастури методӣ «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия» ва «Тибби ҳолатҳои фавқуллода» омода карда шуда, аз чоп бароварда шуд. Ҳоло омӯзгорони кафедра тестҳоро доир ба фанни ҷарроҳия  омода намуда истодаанд. Дар моҳи феврал санҷиши сифати таълими омӯзгорони соатбайъ доир ба фанни ҷарроҳия  азҷониби мудири кафедра гузаронида шуд.  Оиди камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи он бо омӯзгорони соатбайъ сӯҳбатҳо гузаронида шуда  ёрии методӣ расонида шуд.  Дар баъзаи таълимӣ, ки дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидов  амал мекунад мунтазам санҷишҳо доир ба давомоти донишҷӯён ва  сифати таълими омӯзгорон аз ҷониби шахсони мутассадӣ  гузаронида шуда, натиҷабардорӣ карда мешавад.

Дар вақти гузаронида шудани имтиҳонҳои ҷорӣ дарсҳои иловагӣ барои донишҷӯён аз фанҳои ҷарроҳия аз ҷониби мудири кафедра ташкил карда шуд. Чунин дарсҳои иловагӣ барои хатмкунандагон низ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби мудири кафедра саволҳои тестӣ аз фанҳои ҷарроҳия, асосҳои эҳёгарӣ, ёрии таъҷилӣ ва тибби ҳолатҳои фавқуллода омода карда шудааст. Саволҳои имтиҳонҳои давлатӣ аз фанни ҷаррроҳия аз нав таҳия кардашуд. Дар давраи ҳисоботи дар кафедра 6 машғулияти намунавӣ бо усули фаъоли таълим гузаронида шуд.

Омӯзгорони кафедра дар баланд бардоштани  маҳорати касбӣ ва педагогӣ мунтазам дониши худро сайқал медиҳанд. Дар моҳи январ соли ҷорӣ  3 нафар омӯзгорони асосии кафедра курси такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб дар шаҳриДушанбе  гузаштанд.

Дар аввали соли хониши 2015-2016 аз ҷониби мудири кафедра нақшаи корӣ барои соли хониши нав омода карда шуда, аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шуд. Барномаҳои таълимии нави таҳияшуда аз фанни ҷарроҳия аз коллеҷи ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуд. Нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯии омӯзгорон аз нав омода карда шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда шуд. Ҳамаи ҳуҷҷҷатҳои асосии кафедра аз нав омода карда ш уд ва азҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шуд. Синфхонаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра  барои соли нави хониш о мода карда шуд.

Кафедраи момоӣ ва бемориҳои занона кафедраи навташкил  буда аз соли хониши 2013-2014 ба фаъолият оғоз  намуд.  Дар кафедра 10 нафар омӯзгорони асосӣ  ва  10 нафар омӯзгорони соатбайъ  кор мекунанд. Фаъолияти кафедра дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда  шудааст. Ҳуҷраҳои таълимии омӯзгорон  бо асбобу айёниятҳо ва овезаҳои фаннӣ  ҷиҳозонида шуда, кабинети касбинтихокунӣ барои шӯъбаи кори момоӣ бо  муляжҳои нав ворид шуда ҷиҳозонида шудааст.  Машғулиятҳо бо тариқи таҷҳизотҳои  нави техникӣ ба самъи донишҷӯён расонида мешавад, ки  ин усули нави  таълим барои донишчӯён хеле  писанд аст.   6 нафар омӯзгорони асосӣ курсҳои бозомӯзиро гузашта, дар семинарҳо иштирок намуда дар баланд бардоштани  савияи  дониш ва малакаҳои омӯзгорӣ сайъу кӯшиш  менамоянд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ санҷиши сифати   таълими омӯзгорони кафедра  аз ҷониби  Гурӯҳи идоракунии сифати таълим гузаронида шуда,  маълумотҳо доир ба санҷиши гузаронида шуда дар ҷаласаи навбатии Шӯрои омӯзгорон баррасӣ карда шуда, доир ба  камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул  кард ашуданд.

Аз ҷониби мудири кафедра саволҳои чиптаҳои имтиҳонҳои давлатӣ аз нав таҳрезӣ карда  шуданд. Доир ба барномаҳои таълимӣ тестҳо дар се нусха (вариант) омода арда шуданд. Ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ барои хатмкунадагон омода арда шуда, гузаронида шудани ин машғулиятҳо ба омӯзгорони асосии кафедра вогузошта шудааст.

Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби омӯзгорони кафедра 6 машғулияти намунавӣ гузаронида шуд. Ҳамаи машғулиятҳои намунавӣ бо усули фаъоли таълим истифода аз доскаи электронӣ ва намоиши машғулиятҳои амалӣ  истифода аз  видеофиттаҳо гузаронида шуданд.Имтиҳонҳои ҷорӣ дар бахшҳои якум, дуюм  ва сеюми кори момодоягӣ ба тариқи тестӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати сайқал додани дониш ва малакаи омӯзгорӣ омӯзгорони кафедра сайъу кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Мудири кафедра курси такмили ихтисосоро  доир ба баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии корманадони  тибб дар шаҳри Душанбе дар аввали соли ҷорӣ гузашта соҳиби сертификат гардид. Дар аввали соли хониши 2015-2016 ба кафедра 4 омӯзгори нав ба кор қабул карда шуд. Як нафар омӯзгори ҷавон , ки хатмкардаи Донишкадаи тиббии ба номи Абуалӣ  ибни Сино  мебошад бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстон  ба Коллеҷи тиббӣ ба кор қабул карда шуд. Аз ҷониби мудири кафедра ҳуҷҷатҳои кафедра аз нав дида баромада шуда, нақшаи фаъолияти кафедра дар соли хониши нав таҳия гардида, аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда  шуд. Нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯии омӯзгорон аз ҷониби муовини директор оиди корҳои таълимӣ дида баромада шуда, тасдиқ карда шуд. Модулҳои таълимӣ, конспектҳои омӯзгорон ва дигар ҳуҷҷатҳои асосии кафедра ва омӯзгорон аз ҷониби мудири кафедра санҷида шуд. Аз ҷониби омӯзгорон ҳуҷраҳои таълимӣ барои машғулиятгузарорнӣ омода карда шуданд.

Мудири шӯъбаи кафедраи «Момоӣ ва бемориҳои   занона»  Шаймардонова М.Ш. ва омӯзгор Нодирова З. 28 июли соли 2015 дар Конференсияи вилояти бахшида ба «Соли оила» дар мавзӯи  «Ташаккули маърифати оиладорӣ-омили рушди устувори ҷомеа», ки дар толори Ҳукумати вилояти Хатлон бо ташаббуси  Раёсати кор бо занон ва оидаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид иштирок доштанд.   Дар санаи 16.04 соли 2016 конфренсияи илми – амалӣ бахшида ба Соли оила дар мавзӯи Танзими оила аз ҷониби омӯзгорони асосии кафедра бо ищтироки донишҷӯён (иштирокчиёни маҳфилҳо) дар сатҳи баланд гузарони шуд.

Кафедраи тибби оилавӣ. Кафедра дар бинои Дармонгоҳи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷой дод ашудааст.  Дар кафедра 15 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки 6 нафари онҳо омӯзгорони асосӣ мебошанд. Машғулиятҳои  амалӣ дар Маркази тиббии оилавӣ, ки дар бино мазкур ҷой гирифтааст гузаронида мешавад. Маҳфилҳои фаннӣ аз ҷониби мудири кафедра  гузаронида шуда,  шумораи зиёди онҳоро  хатмкунандагони шӯъба ташкил  медиҳанд. Дар давраи ҳисоботи 7 машғулиятҳои  намунавӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра  гузаронида шуд. Инчунин, викторинаҳо  доир ба мавзӯи расонидани  ёриии аввалия ва тақвими эмкунӣ, ишемияи дил ва расонидани ёрии аввалия  дар  байни  донишҷӯёни бахши 3-юми шӯъбаи кори умумитиббӣ ва хатмкунандагон гузаронида шуд. Дар кафедра саволҳои имтиҳонҳои давлатӣ омода карда шуда, дар тахтаи эълонҳо гузошта шуд. Машғулиятҳои иловагӣ барои донишҷӯёни сустхон ва хатмкунадагон ташкил карда шуда гузаронида шудани ин  машғулиятҳо зери назорати мудири кафедра қарор дорад.

Дар кафедра китобхонаи хурд ташкил карда шудааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра дастурҳои таълимии герантология ва гериатрия ва тибби шарқ омода карда шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби омӯзгорони кафедра 12 машғулият доир ба тибби оилавӣ дар дискҳо саб карда шуд. Дар аввали соли хониш ҳамаи ҳуҷраҳои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳо омода карда шуд. Нақшаи кории кафедра аз ҷониби мудири кафедра Каримова М. омода карда шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шуд. Барномаҳои таълимии кафедра, нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯии омӯзгорон дар соли хониш 2015-2016 аз нав санҷида шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда шуд.

Кафедраи фанни морфологӣ. Дар кафедра 7 нафар омӯзгорон  фаъолият менамоянд. 5 нафарашон омӯзгорони асосӣ мебошанд. Ҳамаи омӯзгорон собиқаи корӣ дошта, дорои дараҷаи  тахассусӣ мебошанд. Фаъолияти кафедра дар асоси   нақша-чорабиниҳои кафедра ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби омӯзгорон мавзӯъҳои таълимӣ ба шакли модул омода карда шудааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра саволҳои имтиҳонҳои ҷорӣ ва сессияи тобистона омода карда шуда, дар тахтаи эълонҳои кафедра ба самъи донишҷӯён гузошта шудааст. Ҳамаи имтиҳонҳои ҷорӣ, ки дар моҳи апрел ва май  шуда гузашт ба тариқи тестӣ  ба анҷом расонида шуд. Доир ба натиҷаҳои имтиҳонҳои  ҷорӣ дар ҷаласаҳои рӯзи душанбе  маълумотномаҳо баррасӣ кардашуданд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ (06 .03 соли 2015) аз ҷониби омӯзгорони кафедраи мазкур ва кафедраи Забонҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ   бахшида ба «Рӯзи Модарон»  дар  сатҳи хубу гуворо бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида шуд. Дар ин конференсия  волидони  донишҷӯён низ иштирок намуданд. Омӯзгорони кафедра доир ба омода намудани тестҳо корҳои назаррас ба сомон расонида истодаанд.

Омодагӣ ба соли нави хониш дар кафедра дар сатҳи хуб қарор дошта дар ҳӯҷраҳои таълимӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Овезаҳои нав аз фанни анатомия ва физиологияи эътидолӣ омода карда шуда дар синфхонаҳо гузошта шуд. Барномаҳои нави таълимӣ аз фанни анатомияи одам аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда щуд. Нақшаи корӣ ва нақшаи  фаъолияти кафедра аз ҷониби мудири кафедра омӯзгори собиқадор Баротов Д. таҳия гардида аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шуд. Доир ба барномаи нави таълимӣ модулҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра омода шуда истодааст.

Кафедраи тибби биологӣ.

Дар кафедра 15 нафар   омӯзгорон  фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 6 нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошанд. 4 нафари омӯзгорон дар  соли ҷорӣ аз курси такмили  ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта малакаҳои омӯзгории худро сайқал доданд.

Дар кафедра  маҳфили «Биологи ҷавон» амал мекунад, ки  он аз ҷониби омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷриба бисёрҳам шавқовар  гузаронида мешавад.

Имсол ба кафедра 5 нафар омӯзгорони ҷавон ба кор қабул карда шуданд. Дар айни ҳол аз ҷониби омӯзгорони асосӣ  модулҳои таълимӣ ва тестҳо доир ба фанҳои таълимӣ тибқи барномаҳои  таълимӣ ба итмом расонида шудааст.

Дар кафедра маҳфили «Биологи ҷавон» амал мекунад.    Мафили мазкурро омӯзгорони собиқадор Холова Г, Самиева  ва Раҷабова М.  бо донишҷуён мегузаронанд.  Натиҷаи заҳмати омӯзгорон буд, ки донишҷӯёни бахши 1-уми шӯъбаи кори умумитиббӣ Ҳайдарова М. ва Қурбоназари Ашурзода  дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ , ки дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи майи соли 2014 ва дар соли 2015 (шаҳри Душанбе) шуда гузашт ширкат варзида, аз фанни биология  сазовори ҷои якум ва соҳиби дипломи дараҷаи якуми ҷумҳурӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботи машғулияти намунавӣ аз ҷониби  омӯзгорони кафедра гузаронида  шудааст. Дар моҳи апрел аз ҷониби омӯзгорони кафедра ва бо иштироки донишҷуёни шӯъбаи кори дорусозӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи Сарқонуни ҶумҳурииТоҷикистон дар мавзӯи «Гиёҳҳои шифобахш» гузаронида шуд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра овезаҳои нав аз мавзӯҳои дарсӣ омода карда шудааст. Саволҳо аз имтиҳонҳои ҷорӣ ва сессияи тобистона таҳия карда шуда дар тахтаи эълонҳои кафедра гузошта шуд.  Машғулиятҳои иловагӣ барои донишҷӯён ташкил карда шуда он зери назорати маъмурият қарор дошт. Ҳуҷҷатгузории кафедра дар соли хониши 2015-2016 ба тартиб дароварда шуд. Нақшаи тақвимии омӯзгорон барои соли хониши 2015-2016 дида баромада шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда шуд. Синфхонаҳои таълимӣ тозаю озода карда шуда барои гузаронидани машғулиятҳо омода карда шуданд.

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва таҳсилоти умумӣ. Кафедра аз соли 2008 ба фаъолият оғоз  намудааст.  Дар кафедра  12 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки 9 нафари онҳо  омӯзгорони асосӣ буда, аз онҳо 8 нафарашон омӯзгорони собиқадор мебошанд. Дар кафедра китобхонаи хурд ташкил карда шудааст, ки шумораи китобҳо зиёда аз 100 ададро ташкил медиҳад.  Фаъолияти кафедра тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда шудааст. Дар моҳи апрел  санҷиши ҳуҷҷатгузории кафедра ва фаъолияти он дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ санҷида шуд. Санҷишҳои гузаронидашуда доир ба фаъолияти кафедра дар ҷаласаи навбатии Шӯрои омӯзгорон баррасӣ ва муҳокима крд ашуд. Бояд қайд намудан лозим аст, ки шумораи зиёди омӯзгоронро омӯзгорони собиқадор  ташкил медиҳанд. Ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ ва тартиби кор  кафедраи мазкур хеле фаъол буда, дар корҳои ҷамъитяии коллеҷ ва ташкил намудани  семинару конфронсҳо намунаи ибрат мебошад.

Аз ҷониби иштирокчиёни маҳфилҳои фаннӣ, ки дар кафедра ташкил карда шудааст   дар  ҷашнҳои миллӣ   конференсияҳо ва мизи мудаввар  ташкил  карда  мешавад.   Чунин чорабинӣ  дар санаи 21.02.соли 2015 бахшида   Рӯзи Артиши миллӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ дар иҷрои донишҷӯён шеъру ғазалҳо дар васфи Модар-Ватан қироат карда шуданд. Намоиши саҳнача доир ба  даъвати донишҷӯён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар иҷрои донишҷӯён  хеле хотирмон буд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар санаи 18 март бахшида ба Наврӯзи аҷам конференсияи илмӣ-назариявӣ, дар санаи 10 апрели соли ҷорӣ конференсия бахшида рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар сатҳи хубу гуворо гузаронида шуданд. Дар моҳи май мизи мудаввар доир ба таҷлили  18 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол гузаронида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ омӯзгорони кафедра саволҳои тестиро доир ба фанҳои таълимӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ омода намуданд. Ба нақша гирифта шуд ки имтиҳонҳои сессияи тобистона доир ба фанҳои гуманитрарӣ  ба тариқи тестӣ гузаронида шавад.

Дар кафедра маҳифлҳои  омӯзишии фанни информатика барои омӯзгрон ва донишҷӯён амал  менамояд. Дар синфхонаҳои таълимии фанни информатика 6 компютер ба шабакаи Интернет пайваст буда, аз ин шабакаҳо на танҳо омӯзгорон балки донишҷӯён низ истфода менамоянд.

Дар санаи 1-уми сентябр дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз ҷониби омӯзгори кафедра Хайруллоев А. Маърӯза бахшида ба ин рӯзи фархунда ба саҳми омӯзгорон ва донишҷӯён расонида шуд. Аз ҷониби мудири кафедра ҳуҷҷатгузории кафедра ба тартиб дароварда шуда, нақшаи тақвимӣ-мавзӯии омӯзгорон барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. Дар санаи 06.09 соли 2015 Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО:

Кафедра дар аввали соли хониши 2012-2013 дар Коллеҷи тиббӣ ташкил карда шуд. Фаъолияти кафедра  дар асоси Низомнома, Ойиннома ва нақшаи кафедра ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедраи мазкур 13 нафар омӯзгорони асосӣ кор ва фаъолият менамоянд. Ҳамаи омӯзгорон маълумоти олӣ дошта, дорои дараҷаи тахассусӣ мебошанд.

Ҳуҷраҳои таълимии омӯзгорон бо плакату овезаҳои ба фанҳои таълимӣ мутобиқ карда шуда оро дода шудааст. Дар роҳрави кафедра тахтаи эълонҳо ҷой карда шуда, дар он руйхати омӯзгорони навбатдор, ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ бо донишҷӯёни сустхон, нақшаи гузаронидани машғулиятҳои намунавӣ аз ҷониби омӯзгорон гузошта шудааст, инчунин дар роҳравҳо овезаҳо ва лавҳаҳо бахшида ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои  забони тоҷикӣ»,лавҳа бахшида ба 600-солагии шоири ширинкалом Абдураҳмони Ҷомӣ, луғатҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва аксҳои шоирону нависандагон ва лавҳаҳо, ки дар он панду андарзҳои  гузаштагон сабт гардидаанд,  ҷой дода шудааст.

Дар кафедра гузаронидани машғулиятҳои намунавӣ аз ҷониби устодони  кафедра, бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим  хуб  ба роҳ монда шудааст.  Чунин машғулиятҳои намунавӣ дар шаш моҳи сипаригашта  аз ҷониби  омӯзгорони  фанни  забон  ва маданияти нутқ Тавакалова О. ва Воҳидова Л., Ғуломова Л. , омӯзгорони фанни забони русӣ Зоидова Г., Тағоева М омӯзгорони фанни забони англисӣ Зокиров Д. ва Муродов Ф. гузаронида шуданд.

Дар кафедра ҷиҳати  иҷрои  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст.  Аз ҷониби омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ маҳфилҳо ташкил карда шуда, он дар як моҳ 4 маротиба гузаронида мешавад, инчунин  машғулиятҳои иловагӣ барои хуб аз худ намудани забони давлатӣ дар Коллеҷ ва дар хобгоҳ барои донишҷӯёне, ки аз   ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав ва Ҷиликул  мебошанд, ташкил карда шудааст. Гузаронида шудани ин машғулиятҳо  зери назорати  роҳбарияти  Коллеҷи тиббӣ қарор дорад.

Доир ба фаъолияти Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 02.12.с.2013 № 508) дар кафедра нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, оиди иҷроиши ин нақша-чорабиниҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Яке аз бандҳои нақша-чорабинӣ ин баланд бардоштани сифати таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар коллеҷ буда, баҳри иҷрои он омӯзгорони кафедра сайъу кушиш намуда истодаанд. Дар кафедра 4 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ва 4 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ба донишҷӯён машғулият мегузаранд. Аз ҷониби омӯзгорони дар боло зикр гардида тестҳо доир ба барномаҳои таълимӣ  омода карда шудааст.Бояд қайд намуд, ки дар санаи 13.09 соли 2014 мактуб доир ба фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Барномаи давлатии такили таълими ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, супориши раиси вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳо аз 22.07 соли 2014 таҳти № 151, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07 соли 2014 таҳти № 427 таҳия карда шудааст ба Коллеҷи тиббӣ ворид гардид. Дар асоси ин мактубҳо ва супоришҳо нақша-чорабиниҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 иборат аз 11 банд таҳия карда шуд. Барои иҷрои  бандҳои нақша-чорабиниҳои барномаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

Дар кафедра гузаронида шудани дарсҳои иловагӣ барои донишҷӯёни сустхон хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳфилҳои фаннӣ аз фанни забони русӣ, забони англисӣ  ва забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ луғатҳо барои ихтисосҳои амалкунанда омода карда шуда, дар роҳравҳо ва ҳуҷраҳои таълимӣ гузошта шуданд, инчунин омӯзгорони кафедра модулҳои таълимиро тибқи барномаҳои таълимӣ омода намудаанд, ки он дар китобхонаи электронӣ ҷой дода шудааст.

Корҳои пурмаҳусл ва замҳматҳои омӯзгорони кафедра буд, ки донишҷӯи бахши 1 шӯъбаи кори умумитиббӣ Бобоқулов Б. дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи май шуда гузашт дар озмуни  фанни забони тоҷикӣ ширкат варзида сазовори Ифтихорномаи Вазортаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар аввали соли хониш хуҷҷатгузории кафедра аз ҷониби мудири кафедра Зокиров Д. ба тартиб дароварда шуда барои тасдиқ ба директори коллеҷ пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра овезаҳои нав доир ба фанҳои таълимии кафедра омода карда шуда дар роҳрави кафедра гузошта шуд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра барномаҳои нави таълимӣ аз Колллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуда доир ба он модулҳои таълимӣ омода карда шуданд.

КАФЕДРАИ КОРИ ҲАМШИРАГӢ

Дар кафедра 13 нафар омӯзгорони асосӣ ва 2 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият мекунанд. Ҳамаи омӯзгорони асосӣ бо синфхонаҳои таълимӣ таъмин мебошанд. Синфхонаҳои таълимӣ бо овезаҳо, плакатҳо, асбобу айёниятҳои ба фанҳои мазкур таалуқдошта ҷиҳозонида шудааст.

Дар ҷаласаи  аввали  нимсолаи  дуюми  соли хониш, аз ҷониби мудири кафедра ҳама барномаҳои таълимӣ, нақшаи таълимӣ, модул -конспектҳои омӯзгорон, ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои намунавӣ, ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ дар нимсолаи дуюм аз нав санҷида шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидан ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгорон пешниҳодҳо карда шуданд.

Аз ҷониби омӯзгорони  кафедра дастурҳои таълимӣ аз фанни  «Асосҳои  кори  ҳамширагӣ бо асосҳои парасторӣ ва техникаи дастамалӣ» ва «Услубҳои тадқиқоти клиникӣ-лабораторӣ» аз чоп  бароварда шуд.

Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кафедра дарсҳои намунавӣ бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим гузаронида шуданд.  Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи омӯзгорони  кафедра: Қурбонова Ҳ, Мусоев М.,Юлдошева Г., Юсупова З. ва Қаландаров А.  машғулиятҳои намунавӣ гузаронида шуданд. Дар машғулиятҳои намунавӣ омӯзгорони ҷавон аз ҳамаи кафедраҳо ширкат варзиданд. Дар кафедра барои донишҷӯёни сустхон дарсҳои иловагӣ хуб ба роҳ монда шуда  он аз рӯи ҷадвали тартибдодашудаи  мудири  кафедра  сурат мегирад. Дар тахтаи эълонҳои кафедра саволҳои имтиҳонҳои сессияи тобистона аз фанни кори ҳамширагӣ ва саволҳои имтиҳонҳои давлатӣ барои шӯъбаи кори ҳамширагӣ гузошта шудааст.

Ҳуҷҷатгузории кафедра тибқи Низомнома ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра китобхонаи хурд ташкил карда шудааст, ки теъдоди китобҳоба  80 адад расидааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра саволҳои тестӣ дар  доираи барномаҳои таълимӣ омода карда шуд. Имтиҳонҳои ҷорӣ аз фанни мазкур ба тариқи тестӣ гузаронида шуда истодааст, ки дар ин саҳми мудири кафедра назаррас мебошад. Ҷадвали гузаронидани дарсҳои иловагӣ барои хатмкунандагони шӯъбаи кори ҳамширагӣ омода карда шуда, барои гузаронидани он омӯзгорони соҳибтаҷрибаву собиқадор вобаста карда шуд.

Мудири кафедра нақшаи кории кафедраро дар соли хониши 2015-2016 таҳия намуд ва он аз ҷониби директори Коллеҷи тиббӣ тасдиқ карда шуд. Имсол ба кафедра як омӯзгори нав ба кор қабул карда шуд. Аз ҷониби ҳамаи омӯзгорон нақшаи тақвимӣ-мавзӯии фанҳои кори ҳамширагӣ омода карда шуда аз ҷониби муовини директор оид  ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда шуд. Дар таътили тобистона ҳамаи синфхонаҳои таълимии кафедра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Овезаҳои нав доир ба фанни кори ҳамширагӣ омода карда шуда дар синфхонаҳо ба роҳравҳои кафедра гузошта шуд.

Кафедраи бемориҳои амрози даруна  ва бемориҳои кӯдакона

Кафедра аз аввали нимсолаи дуюми соли хониши 2012-2013 ба фаъолият оғоз намуддааст. Кафедра дорои ҳуҷҷатҳои меъёри ҳуқуқи буда, фаъолияти худро дар асосӣ Низомнома ва Оинномаи кафедра ба роҳ мондааст. Дар кафедра ҳамагӣ 20-нафар омӯзгорон, ки аз инҳо 8-нафарашон омӯзгорони асосӣ мебошанд кор мекунанд. Аз ҷониби мудири кафедра нақшаи кории кафедра омода карда шуда, дар давоми сол  корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:

Дар ҳуҷраҳои таълимии омӯзгорони кафедра ва роҳрави кафедра овезаҳо ва лавҳаҳо доир ба фанни мазкур омода карда шудааст. Мудири кафедра ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ, машғулиятҳои намунавӣ ва ба дарси ҳамдигардароии омӯзгоронро таҳия намуда, дар тахтаи эълонҳо, ки дар роҳрави кафедра гузошта шудааст овезон намудааст.

Дар кафедра «Ҳуҷраи эмтаъминкунӣ» ташкил карда шуд. Дар ин ҳуҷра маълумотҳо доир ба эмтаъминкунии кӯдакон ҷамъ оварда шудааст.

Овеза доир ба ҷадвали эмтаъминкунии кӯдакон омода карда шуда дар девори синфхона гузошта шудааст. Инчунин ваксинаҳо, яхдонқуттӣ  бо маводҳои хунуккунанда, брашураҳо, буклетҳо ва дигар лавозимотҳои тиббӣ ва таълимӣ ҷамъ оварда шудааст. Донишҷӯён машғулиятҳои касбинтихобкуниро нисбати дарсӣ эмтаъминкунӣ дар ин ҳуҷра мегузаронанд. Машғулиятҳои амалӣ бошад дар дармонгоҳи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ омӯзгорони пуртачриба аз ҳисоби пизишкони собиқадор ба кор ҷалб карда шудаанд, ки онҳо ба донишҷӯён оиди нозукиҳои касбӣ дарс мегузаранд.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра модулҳои таълимӣ доир ба фанни «Парастории ҳамширагии кӯдакони бемориҳои  сироятдошта» омода карда шуда дар китобхонаи  электронӣ ҷой дода шудааст, ки аз онҳо донишҷӯён дар машғулиятҳо  истифода бурда истодаанд.

Доир ба дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани тестҳо доир ба барномаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра саволномаҳои тестӣ доир ба барномаҳои таълимии кафедра дар се нусха омода кардашуда имтиҳонҳои ҷорӣ, санҷишҳо дарр гурӯҳҳо (дар нимсолаи 2) ба тариқи тестӣ гузаронида шуданд. Натиҷаи санҷишҳо дар ҷаласаҳои рӯзи душанбе аз ҷониби аъзоёни ГИСТ баррасӣ ва муҳокима карда шуда, натиҷабардорӣ шуданд. Аз ҷониби мудири кафедра ҷадвали гузаронидани дарсҳои иловагӣ барои донишҷӯёни сустхон ташкил кардашудааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба он медиҳанд, ки донишҷӯён дар машғулиятҳо донишҳои заруриро омӯзанд ва машғулиятҳои амалӣ дар пойгоҳҳои таълимии беморхонаи шаҳрӣ, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва беморхонаи клиникии ба номи Б. Воҳидов омӯзонида мешаванд.

Баҳри такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониш 5 нафар омӯзгорони асосӣ дар моҳи январ  курси такмили ихтисосро  дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар шаҳри Душанбе гузашта омаданд.

Мудири кафедра Назаров М. нақшаи фаъолияти кории кафедраро дар соли хониши 2015-2016 таҳия намуда барои тасдиқ ба директори коллеҷ пешниҳод намуд. Нақшаҳои таквимӣ-мавзӯии омӯзгорон, конспектҳо, модулҳо ва барномаҳои таълимӣ аз ҷониби муовини директор оид ба таълим санҷида шуд. Ба кафедра дар аввали соли хониш 1 нафар омӯзгори ҷавон бо роҳхат қабул карда шуд. Ин омӯзгори ҷавон ба мудири кафедра вобаста карда шудааст.

КАФЕДРАИ ФАРМАСЕВТӢ

Кафедраи мазкур навтаъсис буда фаъолиятро аз аввали соли хониш 2014-2015 оғоз намудааст. Мудири кафедраро омӯзгор Хусанов М. ба ӯҳда дорад. Дар кафедра 7 омӯзгори асосӣ  фаъолият менамояд. Синфхонаҳои кафедра дар шафати чапи бинои бемориҳои қалб ҷойгир буда он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Дар айни ҳол ҳуҷҷатгузории кафедра ба тартиб дароварда шуда истодааст. Нақшаи кории кафедра ва фаъолияти он дар соли хониши 2015-2016 таҳия карда шуда аз ҷониби директори коллеҷ тасдиқ карда шуд.

Машғулиятҳо дар  кафедраҳои дар боло зикр гардида тибқи ҷадвали омода кардашуда ба рпоҳ монда шуда ҷараёни гузаронида шудани онҳо аз тарафи шахсони мутассадӣ санҷида шуда истодааст. Санҷишҳо аз ҷониби аъзоёни  гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот назорат аъзоёни назорати дохилитаълимгоҳӣ, мудирони шӯъбаҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони гурӯҳҳо ва шахсан аз ҷониби директори коллеҷ гузаронида шуда истодааст. Доир ба санҷишҳои гузаронида шуда маълумотномаҳо омода карда шуда дар ҷаласаи назди директор ва ҷаласаҳои рӯзи душанбе ахборотҳо пешниҳод карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҳамарӯза аз ҷониби директор ва муовинон санҷиши давомоти донишҷӯён дар шӯъбаҳои алоҳида гузаронида шуда истодаст. Вохӯрии донишҷӯёни бахшҳои 1 бо маъмурияти коллеҷ ба нақша гирифта шуда ин вохӯрӣ бо донишҷӯёни шӯъбаҳои амалкунанда аз 06 .09 соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар вохӯрӣ директори коллеҷ донишҷӯёни бахши 1-ро бо маъмурияти коллеҷ, мудирони кафедраҳо шинос намуда донишҷӯёнро бо қоидаҳои дохили таълимгоҳӣ шинос намуд. Машғулиятҳои амалии донишҷӯён, ки бисёртар дар пойгоҳҳои таълимӣ, ки дар беморхонаҳо, диспансерҳо ва марказҳои саломатии шаҳр ва вилоят ҷойгир шуданд гузаронида шуда аз ҷониби муовини директор оиди таҷрибаомӯзӣ Давлатов Ш. ва гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот мунтазам санҷида мешавад.