Ҳуҷҷатҳо

Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, акредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди ВМҶТ ва ВТҶТ-ро (шаҳодатномаи силсилаи ВТ ВМ № 000023 ,    аз 13.04. 2015с.) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст  (шаҳодатномаи силсилаи  АУ № 0000004     аз 16. 06. 2014 с.)

Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон  мебошад.  Дар он шакли таълим рӯзона ва  шабона  буда, зиёда аз 3765   (дар коллеҷи тиббӣ- 2 212 нафар ва гурӯҳҳои мақсаднок – 1289  нафар) донишҷӯёни миллатҳои гуногун таҳсил менамоянд. Дар шӯъбаи шабона  264 нафар донишҷӯён  таҳсил   намуда истодаанд .  Дар коллеҷ  106 нафар  омӯзгорони асосӣ, аз он  ҷумла  24  нафар омӯзгорон аз ҳисоби ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.

Имрӯзҳо коллеҷи мазкур дорои зиёда аз 91 кабинет ки аксарияти онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда,  барои гузаштани дарсҳо мувофиқ карда шудааст,   2 лаборатория барои шӯъбаи кори дандонсозӣ,  инчунин  “Бунгоҳи тиббӣ”, 3 кабинети фаннии компютерӣ, ки бо Шабакаи интернет пайваст мебошанд, китобхонаи электронӣ ва 1 синфхонаи лингафонӣ барои фанни забони англисӣ  бо 17  компютерҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои касбинтихобкунӣ барои шӯъбаҳои амалкунанда (7), 2 ҳуҷраи таълимӣ барои машғулиятҳои танзими оила, ки бо маводҳои контрасептивӣ ва мулӯъҳои узвҳои ҷинсии занона ва мардона, симулятори зоиш-зани зоянда,  кӯдаки навзод бо асбоби ёрии фаврӣ ва доскаи электронӣ ҷиҳозонида шудааст. Инчунин китобхона бо қироатхона бо 65 ҷойи нишаст, толори хурд бо 35 ҷойи нишаст барои гузаронидани дарсҳои амалӣ  истифода аз доскаҳои электронӣ, 1 ошхона бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон таъмин мебошад. Имсол ба Коллеҷи тиббӣ 4 доскаи электронӣ харидори карда шуда, дар кафедраҳо ҷой карда шуд. Айни ҳол  омӯзгорони кафедраҳо баъзе  машғулиятҳои худро бо  истифода аз доскаи электронӣ ба роҳ мондаанд.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим,  азхудкунӣ, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ буда, дар коллеҷ аз соли 2007 тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Корҳои бештари кафедраҳо назаррас буда,  саҳми онҳо барои ташкил ва амалисозии хуби раванди таълиму тарбия бузург мебошад.

         Бояд қайд намуд, ки  ба  Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳама барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад. Ин барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.  Вобаста ба ин ҳамасола  дар аввали соли хониш аз ҷониби қисми таълимии коллеҷ ва мудирони шӯъбаҳо нақшаҳои таълимӣ омода ва тайёр карда шуда, ба ҳамаи гурӯҳҳо тақсим карда мешавад.

Дар коллеҷ бо мақсади дуруст ташкил ва ба роҳ мондани раванди таълим, назорати ҷараёни таълим, давомот ва сифати таълим шӯъбаҳо ташкил карда шудаанд, ки миқдори шуъбаҳо дар коллеҷ 4-то мебошад.

Дар соли сипаригашта иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиктистон бармеояд  (23.01.2015), «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003с., № 508 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши  забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.с.2009 № 600 “Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020”, “ Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2020”, Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.соли 2011 таҳти № 762  “Дар бораи  масъулияти падару модар  дар  таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.06.соли 2007 таҳти № 274 “Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”,   қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши муҳассилин дар маркази диққати раёсату кафедраҳо қарор дорад.