Маъмурияти Муассисаи давлати таълимии « Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳо-лии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №37 аз 23.01.2020 «Оиди пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохури омӯзгорон,донишҷуёнро бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон ташкил намуд.

        Дар ҷамомад Назарова Миҷгона Каримхоновна  мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлати ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон баромад намуда оиди  гузаронидани чорабиниҳои зарурии ташкилӣ,табобатию пешгиркунанда,санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ маълумот дод.

        Сипас омузгорон ва донишҷӯён ба мутахассиси пешбари хадамоти назо-рати давлати ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  бо суолҳо муроҷиат намуда ба саволҳои худ посухҳои даркориро гирифтанд.    

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *