Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Бохтар  Аскияи ҳизбии “Худ ва наздиконатонро ҳимоя кунед!” доир гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар 1000 адад маводҳои табғиғотӣ -иттилоотӣ, зиёда аз 500 адад ниқоб ва дигар маводҳои антисептикӣ, ки аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ харидорӣ карда шуда буданд, ба сокинон дастрас карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби волонтёрон оид ба қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ маълумотҳо дода шуд. Бояд  гуфт, ки мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳимояи манфиатҳои мардуми Тоҷикистон буда,  Аксияи мазкур низ ба ин хотир роҳандозӣ карда шуд. Дар оянда низ чунин чорабиниҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроия  роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.

Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *