Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дастгирии  ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар таъсис ёфта, дар маркази шаҳр  миёни аҳолӣ корҳои оммафаҳмонӣ доир намуданд.

Дар оғоз бо аъзои гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин вохӯрда, таъкид намуд, ки дар ин лаҳзаҳои барои мардуми тоҷик мушкил дар паҳлӯи онҳо будан ва дасти кумак дароз кардан яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тасмим гирифтааст, ки ба сокинони шаҳр зиёда аз 300 дона ниқобҳои тиббиро ройгон тавассути шумо дастрас намояд. Дар идома гурӯҳҳои таблиғотӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло фаъолияти худро оғоз бахшида, дар маркази шаҳр, маҳаллаҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Ҷалолиддини Балхӣ ва Истиқлол миёни омма корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, 300 дона ниқобҳои тиббӣ, 800 адад маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминро дастрас карданд.

Қобили қайд аст, ки фаъолияти худро гурӯҳи таблиғотии мазкур дар оянда низ идома хоҳад дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *