Ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар ба ифтихори 30-  солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар толори фарҳангии колеҷи тибби шаҳри Бохтар конфронсҳои илмӣ-адабӣ,  зери унвони «Рав чархи гардунро бигу Лоиқ  видоят карду рафт» доир гардид.    

Дар он роҳбарият, омӯзгорон инчунин донишҷуёни колеҷ фаъолона иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи конфронсҳои илмӣ-адабӣ, масъулони колеҷ ҳамагонро   хайру мақдам гуфта, иброз аз он доштанд, ки Шодравон Лоиқ Шералӣ шоири халқии Тоҷикистон бо ашъори  пурғановаташ  тавонист ба дилу дидаи пиру барно роҳ ёфт ва имруз ашъори ӯ  гирди забонҳои дустдорони Лоиқанд.

Ҳамчунин дигар омӯзгорон ба сухан баромада аз рӯзгори шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ назарашонро баён намуда таъкид барон доштанд, ки ин шоири модарсаро  соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва таърихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад. Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ дифои вазифа карданд.

Дар идомаи конфронс  як қатор донишҷуён  аз осори пурғаноати шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шерали мисраҳои шеъри қироат намуданд, ки ба ҳусни конфронс   шукуҳу таровати хоссае бахшиданд.

 Ҳаминтавр дар интиҳои конфронсҳои илмӣ-адабӣ, ки  зери унвони «Рав чархи гардунро бигу Лоиқ  видоят карду рафт» барои иштироки фаъол ба як қатор донишҷуёни фаъоли колеҷи тибби шаҳри Бохтар   дар вазияти тан-танави ифтихономаҳои роҳбарияти колеҷ супурда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маркази матбуоти  колеҷи тибби шаҳри Бохтар

 

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *