Ҳамасола 6-ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия бо як шукуҳу шаҳомати хососа таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ин санаи таърихи кишвар дар колеҷи тибби шаҳри Бохтар бо иштироки омӯзгорону донишҷуён конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, доир шуд.
Зимни оғози он як қатор омӯзгорон дар назди ҳозирин баромад карда иброз аз он доштанд, ки бисту шаш сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф гардидааст.
Бинобар ин, таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар идомаи конфронсҳои илмӣ-назариявӣ дигар марузачиён таъкид барон доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба ҳамватанон чунин зикр доштанд:
«Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Ҳаминтавриқ як қатор донишҷёни колеҷ низ ба сухан баромада доир ба муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, модда ва бобҳои дигари он фикру мулоҳиаҳои худро дар нади иштирокчиёни конфронсия баён доштанд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти колеҷи тибби шаҳри Бохтар ба як қатор иштирокчиёни конфронсҳои илмӣ-назариявӣ барои хониши намунавиашон ифтихорномаҳои директори колеҷ суурда шуд.
Ҳаминро мебояд такид дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.
Далер Шарипов,
котиби матбуотии колеҷи тибби шаҳри Бохтар