Ҳамасола 16-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

 Ин саънаи таъириро масъулон,  омӯзгорон ва донишҷуёни  колеҷи тибби шаҳри Бохтар   дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намуданд. Бахшида ба ин рӯз дар толори колеҷи мазкур чорабини идона доир шуд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабини  Иброҳимҷон Мусоев  директори колеҷи тибби шаҳри Бохтар  дар назди ҳозирин барода карда    иброз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолият тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад”, — афзуд Иброҳимҷон Мусоев  директори колеҷи тибби шаҳри Бохтар.

“Мардуми шарафманду сулҳпарвари тоҷик ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфт. Дар ҳақиқат, Ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест, зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватан, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд”,-иброз дошт И. Мусоев.  

 Дар идома як  қатор  омӯзгорон колеҷи тибби шаҳри мазкур бо маърузахои пурмухтавои худ доир ба талошхои бесобикаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барода доштанд.

Ҳамитавр як қатор донишҷуёни колеҷи тибби шаҳри Бохтар бобати асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик баромадҳо намуданд.

Дар интиҳои чорабини  филми мустанад таҳти унвони «Тулуи хуршед», ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    буд, манзури омӯзгорон ва донишҷуёни  колеҷи тибби шаҳри Бохтар  карда  шуд.

  Маркази матбуоти  колеҷи тибби шаҳри Бохтар

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *