Имрӯз 23-уми апрели соли 2021-ум бахшида ба 110 солагии устод Мирзо Турсунзода дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи забонҳои колеҷ чорабинии илмиву фарҳанги доир гардид, ки дар он муовинони директор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорон ва ҳамчунин донишҷӯён фаъолона иштирок доштанд.

Дар чорабини баромадкунандагон зикр намуд, ки устод Мирзо Турсунзода шоири нуктасанҷ ва маъниофаре мебошад, ки дар офаридаҳояш тахайюли фиребо, тасвирҳои бикр, андешаҳои ҳакимона, забони шевову сода, қолабҳои сабуку хуштанин бараъло эҳсос мегардад. 

 Дар идома як қатор донишҷуён аз ашъори устод Мирзо Турсунзода шеъру ғазалҳо қироат намуда, порчаи саҳнаеро аз рӯзгори ин шоири тавоно пешниҳоди аҳли толор намуданд.

By admin

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *